Главная / Илм / АНАМНЕЗ

АНАМНЕЗ

anamnezАНАМНЕЗ (юн. anamnesis – хотира, ёддошт), собикаи холи тибби, маълумот рочеъ ба шароити хаёт ва таърихи бемори, ки онро худи бемор ва ё шахсони бо у шинос ба духтур баён мекунанд. А. яке аз усулхои мухимтарини тадкикот буда, имкон медихад, ки бемори дуруст ташхис карда шавад. А. шикояту эхсоси бемор, маълумот оид ба ибтидои бемори ва чараёни минбаъдаи он, хаёти пеш аз бемори, ирсият, беморихои аз cap гузаронида, вазъияти оилави, одатхои номатлуб (майпарасти, тамокукаши ва г.), шароити зиндагию мехнат ва г.-ро дарбар мегирад. А.-и умуми ва А.-и хоси бемориро фарк мекунанд. Ба А.-и умуми маълумотхои зерин, мас., беморихои волидон ва хешу акрабо (беморихои ирси, омосхои саратони, амрози рухи, сил, сифилис ва г.), тарзи хаёт (вазъи оилави, хурду хурок), хаёти чинси, шароити кору маишат ва г. тааллук доранд. Ба А.-и хоси бемори маълумотхо рочеъ ба огози бемори, чараён ва табобати он то давраи тахкик мансуб мебошанд.
Хамон як бемори дар ашхоси гуногун ба таври гуногун сурат мегирад. Сабаби ин ба синну сол, аломатхои ирси, хассосияти организм ва диг. омилхо вобаста аст. А. мисли дигар усулхои муоина бояд аз руи тартиби муайян сурат гирад. Чи кадар, ки маълумот (аломатхои бемори, симптомхо) зиёд бошад, хамон кадар ташхиси бемори аник хохад шуд.
Дар мавриди гундоштани А. ба шикоятхои бемор эътибори чидди додан лозим аст. Духтур бояд дар паси хар шикояти бемор шабахи бемориро бинад, ки дар чисми у чой гирифта тагйироти гуногунро ба вучуд меорад. Пурсучуи бемор бояд муфассал ва мураттаб сурат гирад (хусусан хангоми беморихои музмин). Дар аснои беморихои шадид, хусусан дар мавриди ба хаёти мариз тахдид доштани хатар, пурсучу бояд кутох бошад. Дар бораи бемороне, ки дар холати мадхуши карор доранд, маълумоти анамнези аз хешу акрабо ё наздикони у гирифта мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …