Яке аз шуаро пеши амири дуздон рафт ва санное бар ў бигуфт. Фармуд, то ҷома аз ў баркананд ва аз дех бадар кунанд. Мискин бараҳна ба сармо ҳамерафт, сагон дар қафои вай афтоданд. Хост, то санге бардорад ва сагонро дафъ кунанд, дар замин ях гирифта буд, оҷиз шуд. Гуфт:
– Ин чӣ ҳаромзода мардумонанд, сангро баставу сагро кушодаанд!
Амир аз гурфа бидид, бишунид ва бихандиду гуфт:
– Эй ҳаким, аз ман чизе бихоҳ!
Гуфт:
– ҷомаи худ мехоҳам, агар инъом фармоӣ!
Умедвор бувад одами ба хайри касон,
Маро ба хайри ту умед нест, шар марасон!
Солори дуздонро бар ў раҳмат омад ва ҷома боз пас фармуд ва кабопустине бар ў мазид карду дираме чанд.