АМИНҲОИ БИОГЕНӣ, гурӯҳи пайвастҳои органикии нитрогендор, ки дар организм бо роҳи декарбоксилонии аминокислотаҳо, яъне аз молекулаи онҳо ҷудо шудани гурӯҳи карбоксил – СООН, ҳосил мешаванд. Барои организм аминоспиртҳое, ки дар таркибашон боқимондаи пирокатехин (1,2 – дигидроксибензол, катехол) мавҷуд аст (катехоламинҳо), аҳамияти калон доранд. Катехоламинҳо (дофамин, норадреналин, адреналин) дар натиҷаи мубодилаи моддаҳо ҳосил мешаванд. Баъзе моддаҳои фаъоли биологии табиӣ ва сунъӣ, ки чун дору мавриди истифода қарор мегиранд, шабеҳи катехоламинҳо мебошанд (мас., эфедрин, мезатин).
А. б., мас., гистамин, серотонин, норадреналин, адреналин, тирамин ва ғ. ба раванди боздорӣ ва ангезиш, ки дар қишри мағзи сар рух менамояд, таъсир мерасонанд. Баъзе А. б. дар рӯдаи ғафс зери таъсири бактерияҳои фасодзо ҳосил гашта, барои организм заҳрнок мебошанд. Дар организм А. б. бо унсурҳои биохимиявии ҳуҷайра пайваст мешаванд. Ба раванди мазкур кислотаҳои аденозинфосфат, нуклеинат ва карбогидратҳои калонмолекула (мас. гепарин) таъсири мусбат мерасонанд. А. б. дар ҳуҷайраҳо дар ҳолати пайваст дучор меоянд; онҳо фаъол нестанд ва зери таъсири ферменти аминоксидаза қарор намегиранд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …