Главная / Илм / АЛОНИЮН

АЛОНИЮН

alaninАЛОНИЮН (лот. Inula helenium), алайун, сабадсарак, гиёҳест бисёрсола. Пояаш рости пашмакдор, 60 – 250 см қад мекашад. Барги бехи пояаш калони паршакл (дарозиаш то 50 см, бараш 15 – 25 см), думчадароз, баргҳои мобайнӣ байзашакли нӯгтез, баргҳои болоӣ нештаршакл. Гулаш зарди забончашакл ва найчамонанд, донакаш майда. Моҳҳои май – июл гул карда, июн – июл мева мебандад. Дар лаби ҷӯйҳо, соҳили дарёҳо, марғзори серрутубат, нишебиҳои хокию регзори кӯҳ, шағалзамин, қаъри ҷариҳо ва минтақаи бешазор мерӯяд. Дар мавзеъҳои Сирдарё, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ (дар баландии 700 – 1900 м аз с.б.) месабзад.
Табибони қадими Тибет, Ҳиндустон ва Хитой А.-ро барои табобати бемориҳо истифода мебурданд. Ҷолинус низ аз хосияти шифобахшии А. ёдовар шудааст. Абӯалии Сино онро давои тақвиятбахши дил ҳисобидааст. У ба А. илтиҳоби асаби сурин ва буғумдардро табобат мекард. Агар А.-ро бо асал омехта лесанд, балғамро хориҷ месозад. Ҷӯшоби решаи А., хусусан шираи он, шоша ва ҳайзро меронад. А. барои рафъи ҳама гуна омосу варамҳо судманд аст. Абӯалии Сино дар «Ал-Воҳия» овардааст, ки А. давои сардард, зиқи нафас ва киҷҷарон мебошад. Мувофиқи маълумоти «Махзан-ул- адвия» А. ба дил қувват мебахшад, ҳазми хӯрок ва шаҳватро беҳтар мегардонад, ба масона таъсири хуб мерасонад. А. барои молихулё, қабзияти ҷигар ва испурч, дарди буғумҳо, варами пай, ишиас нофеъ аст. Истеъмоли ҷӯшоби А. чакмезакӣ, ҷогаҳмезӣ ва қабзияти ҳайзро рафъ месозад. Агар 1 дирҳам (3,12 г) талқони А.-ро бо асал омехта лесанд, сулфа ва зиқи на- фасро шифо мебахшад. Табибони халқӣ ҷӯшоби реша ва решапояи А.-ро барои муолиҷаи иллати узвҳои ҳозима, сили устухон, пайвандак, зардпарвин, обхӯра, бавосир, қабзияти роҳи нафас ва чун омили иштиҳоовар, рафъсозандаи халаву боди рӯда, пешоброн, талхарон, киҷҷарон ва балғамовар тавсия медиҳанд. Дар тибби муосир решаи А.-ро ҳангоми қабзият ва сили шуш, чун доруи балғамовар ва талхаву пешоброн истифода мебаранд. Бо А. касалиҳои пӯст (экзема, шукуфа, хоришак)-ро низ муолиҷа мекунанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекар- ственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …