АЛКАЛОЗ (аз лот. alcali – ишқор), ихтилоли мувозанати кислотаю ишқорҳо дар организм, ки ҳангоми он миқдори асосҳо меафзояд. А. ҷубронӣ ва ғайриҷубронӣ мешавад. Ҳангоми А.-и ҷубронӣ pH-и хун мӯътадил (7,35 – 7,45) аст; дар аснои А.-и ғайриҷубронӣ pH аз 7,45 зиёд аст, ки сабаби ин бартарӣ ҳосил кардани асосҳо ва иллати механизмҳои химиявию физиологии танзими мувозинати кислотаю ишқорҳо мебошад. А. вобаста ба пайдоиш газӣ, ғайригазӣ ва омехта мешавад. А. – и г а з ӣ дар натиҷаи гипервентилятсияи шуш ба вуҷуд меояд. Сабаби гипервентилятсияи шуш бемориҳои майна (энсефалитҳо, омос ва ғ.), таъсири моддаҳои химиявӣ ва доруҳо ба маркази нафасгирӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, хунравиҳои шадид ва ғ. мебошанд. А.-и ғайригазӣ се навъ – ихроҷӣ, экзогенӣ ва мубодилавӣ мешавад. А.-и ихроҷӣ дар натиҷаи ис- теъмоли дурударози доруҳои пешоброн, баъзе бемориҳои гурда, ғадудҳои усораи дохилӣ, серарақӣ ба вуҷуд меояд. Сабаби А.-и экзогенӣ барзиёд ворид шудани би- карбонати натрий аст. А.-и мубодилавӣ ҳангоми баъзе бемориҳо, ки боиси ихти- лоли мубодилаи электролитҳо мешаванд, сар мезанад (мас., дар мавриди гемолиз, рахит, баъди ҷарроҳӣ ва ғ.). А.-и омехта дар сурати осеб ёфтани майна, ки бо дамкӯтаҳӣ ва қай ҷараён мегирад, ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳангоми А. ҳаракати хун халалдор, фишори шараён паст мешавад, фаъолияти рӯдаҳо ва маркази нафас табоҳ мегардад. Дар натиҷаи А.-и газӣ фаъолияти зеҳнӣ суст шуда, сар чарх мезанад, бемор аз ҳуш меравад. Табобати А. ба рафъ намудани сабабҳои он нигаронида шуда- аст (истифодаи маҳлулҳои хлориди аммо- ний, калий, калтсий, исулин ва ғ.).
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …