Главная / Илм / АЛ-ҲОВӣ Фӣ ИЛМИ-Т-ТАДОВӣ

АЛ-ҲОВӣ Фӣ ИЛМИ-Т-ТАДОВӣ

asar«АЛ-ҲОВӣ Фӣ ИЛМИ-Т-ТАДОВӣ», асари Наҷмиддин Маҳмуд ибни шайх Соинуддин Илёси Шерозӣ (а. 14). Китоб дар як муҷаллад ва аз панҷ мақола иборат аст. Мақолаи якум дар баёни иллатҳо, мақолаи дуввум дар баёни ҳуммайёт (табҳо), мақолаи севвум дар баёни иллатҳои андомҳои зоҳирӣ, мақолаи чаҳорум дар баёни доруҳои сода, мақолаи панҷум дар баёни доруҳои мураккаб баҳс мекунад. Китобро яке аз шарқшиносони фаронсавӣ с. 1902 дар Бейрут бо замимаи фарҳанги арабӣ – фаронсавии номи доруҳо ба табъ расондааст.
Ад.: Аҳмад Шавкат, «Таъриху-т-тиб ва одобуҳу ва аъломуҳу», Димишқ, 1982; Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», Лубнон, ҷ. 1, 2007.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …