Главная / Илм / АЛ-АБНИЯ АН ҲАҚОИҚИ-Л-АД- ВИЯ

АЛ-АБНИЯ АН ҲАҚОИҚИ-Л-АД- ВИЯ

asar«АЛ-АБНИЯ АН ҲАҚОИҚИ-Л-АД- ВИЯ» («Асоси ҳақиқати доруҳо»), асари табиби форс-тоҷик Абӯмансури Муваффац. «А.» бо номҳои «Равзату-л-унс ва манфи- ату-н-нафс», «Адвияи Абӯмансур», «Ҳа- қоиқу-л-адвия» низ маълум аст. «А.» шомили ду бахш: муқаддимаи мухтасар ва шарҳи дорувориҳост. Дар муқаддима ба таври иҷмолӣ қазияҳои мубрами ба доруву дармонҳо иртиботдоштаи тибби асримиёнагӣ, маъхази мавриди истифодаи муаллиф, бартарии дармонҳои тибби ҳиндӣ, дараҷаҳои мизоҷи давоҳо, ғизоҳо, заҳрҳо ва соири масоили умумӣ баррасӣ гардидааст. Дар бахши дуюми «А.», ки аз хусуси се манбаи маводи доруворӣ баҳс мекунад, мувофиқи алифбои арабӣ шарҳи доруҳо арзёбӣ гашта, роҷеъ ба хусусия- ти шифоии гиёҳҳо, маъданҳо, заҳрҳо, гӯштҳо, обҳову бухорҳо, ширу равғанҳо маълумот зикр шудааст. Дар «А.» аз 584 номгӯи доруи арзёбигардида 465 адади он доруҳоеро дар бар мегиранд, ки сарчашмаи онҳо гиёҳҳост. Муаллиф кулли маводи дорувориро (ба истиснои доруҳои маҳаллӣ) аввал ба забони арабӣ ва баъдан ба форсӣ медиҳад, вале баробари ин, мавридҳои бо се забон – арабӣ, юнонӣ ва форсӣ низ овардани номи доруҳо дар асар ҷой доранд. Дар «А.» номи як силсила растанӣ ва бемориҳо зикр гардидааст, ки онҳо то имрӯз дар забони точикони Осиёи Марказӣ дар гардиш қарор доранд. Дар «А.» хусусияти давоии гиёҳҳое баррасӣ гардидааст, ки ағлабашон аз даврони бос- тон дар Эрону Осиёи Марказӣ, аз чумла Точикистон парвариш карда мешаванд. Илова бар ин муаллиф дар бораи 63 навъи равғани растанӣ маълумот додааст, ки дар тибби форсу точик барои муоличаи бемориҳо фаровон истифода мегаштанд. Ин равғанҳоро аз барги садбарг, бунафша, наргис, ёсуман, райҳон, шибит, пудина, мағзи чормағз, писта, бодом, талхакбодом, шафтолу, кунчид ва ғ. мекашиданд. Ҳоло дар китобхонаи Вена як нусхаи аслӣ ва қадимаи «А.» маҳфуз аст, ки тибқи қайди дар охири китоб омада онро олим, шоир ва хаттоти а. 11 Алӣ ибни Аҳмад Асадии Тӯсӣ нусхабардорӣ намудааст. Аз рӯи ин нусха с. 1859 Ф.Р. Залеман «А.»-ро ба забони лотинӣ тарчума ва чоп кард. С. 1893 асари мазкур дар шаҳри Дерите (Тарту) аз чониби А. Ахундов ба немисӣ тарчума ва ба нашр расид. Ба забони форсӣ-точикӣ «А.» ду маротиба дар шаҳрҳои Вена (с. 1859) ва Теҳрон (с. 1966) чоп гардидааст.
Ад: Абӯмансури Муваффақ, Гиёҳнома, Д., 1989; Муваффақуддин Абӯмансур Алии Ҳ и р а в ӣ, «Ал-абния ан ҳақоиқи-л-адвия ё Равзату-л- унс ва манфиату-н-нафс», Теҳрон, 1371. А. Ҳасанов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …