Главная / Без рубрики / Адабиёти Дарборӣ ва хусусиятҳои он

Адабиёти Дарборӣ ва хусусиятҳои он

Адабиёти дарборӣ аслан ҷараёни адабиест, ки одатан дар шакли маҳфилҳои адабӣ дар дарбори подшоҳон, ҳокимон ва амирон фароҳам омада, одатан аз сиёсати роиҷи давр ва адеологияи ҳукмрон ҳимоя менамуд. Аз асри XI сар карда ба ин адабиёту эҷодкоронаш маликуш- шуаро роҳбарӣ менамуд. Маликушшуароро бошад бевосита худи амир таъин менамуд. Ин адабиёт дар аҳди маорифпарварӣ низ двом мекард. Аз навъҳои лирикӣ жанри асосии дарборӣ қасида буда, аз навъҳои қасида бошад, қасоидаи мадҳӣ бештар ба назар мерасад. Навъҳои дигари хурди лирикӣ: ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, тарҷеъот, мусаммат ва ғ. низ ҳаст, вале на мисли қасоиди мадҳӣ.

Адабиёти Дарборӣ ва хусусиятҳои онАз осори мансур бошад, бештар сиёсатномаҳо, дастурмулукҳо, дастурулфузароҳо ва ғ. низ характерноканд. Дар адабиёти дарборӣ тазкираву тазкиранигорӣ низ дар ин давра хеле пеш рафтааст.

Яке аз хусусиятҳои аввалиндараҷаи адабиёти дарборӣ аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво он аст, ки мадҳу ситоиш мавзӯи асосӣ ва айёшиву бодапарастӣ мавриди тасвири он мебошад. Ин ҳолат, албатта, сабқати адабиро пеш меорад ва ба ин восита ҳокимон рӯ ба шеъру адаб оварда дар дарбори худ беҳтарин суханварон, соҳибистеъодҳоро ҷамъ меоваранд.

Албатта, дар асрҳои миёна чунин ҳам шудааст, ки адибон зимни довариҳои шоирона, дар фахрияҳо ҳусни ашъори худро баён намуда, нуқсони шуарои дарбориро низ нишон додаанд. Агар бодиққаттар мушоҳида карда шавад, дар ашъори широни дарбор бештар тамаллуқ ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки бисёр шоирон: Низомӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон дар ашъори худ шоирони тамаллуқкорро танқиду мазаммат намудаанд. Вале дар ҳар сурат адабиёти дарборӣ низ сар то сар беҳудаву ёва нест. Ин адабиёт низ дар заминаи суннат рӯида, дар ҳамин замина рушду таҳаввул менамояд. Адабиёти дарбориро бо адабиёти берун аз дарбор на бояд муқобил гузшт. Широне ҳам буданд, ки дар дарборҳо зиндагӣ ва эҷод кардаанд, вале дар ашъори онҳо оҳангҳои хеле қаввии халқӣ дучор мешавад. Аз ҳама муҳим он аст, ки саҳми он адиб дар ғановати маърифати адабии дарбору дарбориён хеле бузург мебошад.

Саҳми дарборҳо дар рушду таҳаввули илми адабиётшиносӣ низ назаррас аст. Аз ин рӯ, дар миёни қувваҳои адабии дарбор, шоирону нависандагони ин ҳавзаи сиёсии адабӣ, тазкиранависон ҳам зуҳур кардаанд, ки онҳо ду хизмати таърихӣ ба ҷо овардаанд: яке зикри шумораи шоирон, ному насаби онҳо, мақому мартабаи онҳо, шахсияту муносибати онҳоро баён кардаанд. Дигаре намунаҳои эҷодиёти эшон, пояи шоирии онон, ҳунари суханварии онҳо ва хусусиятҳои ҷудогона ва ё фардии эҷодиёти шуарои дарборӣ ва ғайраро таъкид намудаанд. Ин ду ҷанбаъ арзиши илмӣ-адабии осори тазкиравии олимони адабиётшиноси дарбориҳо мебошанд.

Дар нимаи дуюми асри XIX чандин тан тазкиранависон умр ба сар бурдаанд ва асарҳои эшон то кунун маҳфуз мондааст, ки зикри баъзе аз онҳо барои донистани адабиёти ин давра хеле аҳамиятнок мебошад.

Яке аз чунин асарҳо ё худ тазкираҳо ба қалами Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ тааллуқ дошта «Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ул-асҳоб» ном дорад. Маълум аст, ки муаллифи ин асар шоир, маорифпарвар, олим, нависанда ва мутафаккир мебошад. Ин тазкира соли 1871 таълиф гардидааст. Он аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки дар бораи 130 нафар адибони Осиёи Миёнаи асри XIX маълумот медиҳад. Аз осори ин адибон намунаҳо зикр намуда, хусусияти ашъори онҳо, ҳусну қубҳи эҷодии онҳо ва ғайраро қайд менамояд. Ин тазкира соли 1914 аз ҷониби Мирзо Салимӣ ном донишманд бо такмилу иловаҳо ба табъ расидааст. Аниқтараш М.Салимӣ тазкираи мазкурро ба табъ расонида, ба он 80 нафар шоирони дигари охири асри XIX ва ибтидои садаи ХХ-ро илова менамояд. Аз ин ҷост, ки тазкираи Возеҳ аз нигоҳи зикри шумораи қувваҳои адабӣ ва аз лиҳози овардани намунаҳои ашъори онҳо, аҳамияти илмӣ-адабӣ дорад. Он барои омӯхтани адабиёти давр ва умуман баҳри тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик хидмат менамояд.

Инчунин, дар ин давра тазкиранависони дигар зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ки тазкирахои онҳо низ ҳар кадом дорои аҳамияти илмӣ – адабӣ мебошанд.

Тазкиранигорони дигари давра, ки дар инкишофи илми адабиётшиносӣ саҳми сазовор гузоштаанд ва тазкираҳои онҳо, ки суннати мазкурро дар ин давра рушд бахшидаанд, инҳоянд.

Яке аз тазкиранависон, ки худ шоир низ ҳаст, эҷодкори дарборӣ Афзал Махдуми Пирмастӣ мебошад, ки ӯ соли 1900 ба хидмати дарбор дохил шудааст. Ӯ ар солҳои ҳукмфармоии амир Абдулаҳад (1885-1910) бо супориши ин ҳоким ба навиштани тазкираи худ оғоз кардааст. Тазкираи Афзал Махдуми Пирмастӣ «Афзал-ут-тазкор фӣ зикр – уш- шуаро ва-л-ашъор» ном дорад.

Дигар аз такзиранависони ин давра Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ аст, ки ӯ соли 1904 асари худ – «Тазкират-уш-шуаро» ва ё «Тазкираи Абдӣ», ё ин ки «Тазкират-уш-шуарои мутааххирини Бухоро»-ро (номҳои як тазкира) таълиф менамояд. Ин тазкира аз 28-боб (мақсад) иборат буда, дар бораи 118 нафар адибон ва намунаҳои асори онҳо маълумот медиҳад.

Ҳамчунин яке аз тазкиранависони маъруфи замон Мирсиддиқи Ҳашмат мебошад, ки ӯ ду тазкира таълиф намудааст.

Тазкираи аввали Ҳашмат, ки солҳои 90-уми асри XIX таълиф шудааст, «Тазкират-уш-шуаро» ном дошта, аз ду қисм иборат мебошад. Қисми аввали тазкираи мазкур дар бораи 85 нафар адибон ва қисми дуюми он доир ба рӯзгору осори 88 тан шоирон маълумот медиҳанд. Дигар аз тазкиранависони маъруфи давраи мазкур Мулломуҳаммад Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ ибни Қозӣ Шарафуддин аст, ки ӯ бо тахаллусҳои «Нозук» ва «Мӯҳтарам» шеър мегуфтааст. Мӯҳтарам соли 1910 асари худ – «Тазкират-уш-шуаро»-ро таълиф менамояд. Ин тазкира дорои арзиши баланди илмӣ-адабӣ буда, дар бораи рӯзгору осори 175 тан қувваҳои адабӣ маълумот медиҳад.

Арзиши тазкираҳои дар боло номбашуда, пеш аз ҳама аз ин иборат аст, ки агар дар давраҳои пешин дар асре як тазкира ё худ дар ду-се аср як тазкира бошад, дар ин давра суннати адабии мазкур хеле ва хеле инкишоф ёфтааст. Аз тарафи дигар, ахбори як ё ду тазкира баъзан такрор, гоҳо якранг мебошад. Вале чун тазкиранигорон зиёд шаванд, тазкираҳо низ бештар бошанд, арзиши илмӣ-адабии онҳо афзуда, маълумоти онҳо қобили муқоиса мебошад.

Дар ин аср шоирону нависандагони зиёде зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ки онҳо, аз як тараф, анъанаҳои адабиро эҳё намуда, ба он умри бардавом бахшидаанд. Аз тарафи дигар, онҳо бо эҷодиёти манзуму мансури худ рӯҳия, ахлоқ, урфу одат, зиндагии ҳамарӯза ва тафаккури баеӣ-эҷодии халқи тоҷикро дар нимаи дуюми асри XIX ифода кардаанд. Аз сабаби он ки тазкираҳо ва тазкиранигорон зиёданд, адабиёти давраи мазкур хеле хуб қазоват ҳам шудааст.

Баъзе адибони ин давра дар таърихи адабиёт, ба достонҳои ишқӣ- романтикии наздик ба ҳазорсола мӯҳри ҷамъбастӣ гузоштаанд. Охирин адибе, ки достони «Лайлӣ ва Маҷнун» эҷод кардааст, ё худ охирин эҷодкоре, ки достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро таълиф намудааст, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ ба шумор меравад ва ғайра.

Дар адабиёти давраи мазкур бузургтарин падидаи сиёсӣ-таърихӣ, мафкуравӣ-иҷтимоӣ ҷунбиши фикрии маорифпарварӣ аст. Ин ҷараёни мафкуравӣ, ки тавассути мактаби адабии Аҳмади Дониш заминагузорӣ шуд, дар таърихи халқи тоҷик нақши бузурги созандагӣ дорад. Аз ин нигоҳ, ин яке аз хидматҳои бузурги таърихии адабиёти бадеии тоҷик ба шумор меравад. Зеро ин ҷараён ҳамчун зуҳуроти таърихӣ тавассути адабиёти бадеӣ кашф шудааст. Муҳим он аст, ки на танҳо тафаккури муосирон, балки фикри мутааххиринро низ тағйир дод. Арзиши мероси адабии Аҳмади Дониш, пеш аз ҳама дар кашфи ҳамин падидаи аср мебошад. Ин ҷараёни сиёсӣ-таърихӣ на танҳо ба худшиносии халқи тоҷик ва ҷараёни ташаккулёбии он гардид, балки дар ҳамин поя ба худшиносии халқҳои дигари Осиёи Миёна низ мусоидат намуд.

Дар тарғиби он нақши пайравони Аҳмади Дониш, адибони маъруфу соҳибистеъдод Шамсуддин Шоҳин, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Муҳаммадсидиқи Ҳайрат ва дигарон хеле бузург аст. Онҳо дар дарки падидаи мазкур то ба сатҳи Аҳмади Дониш нарасида бошанд ҳам, дар тарғибу ташвиқи андешаҳои ӯ саҳми бунёдӣ гузоштаанд

Савол ва супоришҳо:

  1. Дар нимаи дюми асри XIX дар Осиёи Миёна чӣ тағйироти сиёсӣ рӯй дод?
  2. Ба Россия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна барои мардумони қаламрави мазкур чӣ дод?
  3. Доир ба вазъияти илму фарҳанг дар ин давра чӣ медонед? 4.Омилҳои пайдоиши ҷараёни маорифпарвариро шарҳ диҳед.
  4. Вазъияти адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри Х1Х-ро нақл кунед.
  5. Кадом омилҳои инкишофу таҳаввули адабиёти ин давраро медонед?
  6. Марказҳои адабии адабиёти давраи мазкур кадомҳоянд?
  7. Ҷараёни маорифпарварӣ ва хусусиятҳои онро номбар кунед.
  8. Аҳмади Дониш дар инкишофи илму фарҳанги ин давра чи гуна мақом дошт?.
  9. Доир ба адабиёти даборӣ ва хусусиятҳои он маълумот диҳед.
  10. Кадом тазкираҳои дар ин аҳд таълифшударо медонед?
  11. Доир ба тазкираи «Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ул-асҳоб»-и Возеҳ маълумот диҳед.
  12. Арзиши илмӣ-адабии тазкираҳои ин давра аз чӣ иборат аст?
  13. Кадом адибони пайрави Аҳмади Донишро медонед?

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …