Главная / Илм / АБДУЛЛОХӮҶАЕВ Закӣ Ёқубович

АБДУЛЛОХӮҶАЕВ Закӣ Ёқубович

abdullokhujaevАБДУЛЛОХӮҶАЕВ Закӣ Ёқубович (12. 2. 1929, Хуҷанд – 25. 2. 1991, Душанбе), духтури бемориҳои сироятӣ, доктори илми тиб (1967), проф. (1969). Аълочии тандурустии ИҶШС, Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон. Аз оилаи меъмор. Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ (1950). С-ҳои 1955 – 60 ассистент, дотсенти кафедраи бемориҳои сироятӣ. С-ҳои 1967 – 68 ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Ин-ти эпидемиология ва гигиенаи ш. Душанбе. Соли 1968 дар заминаи Беморхонаи шаҳрии клиникии №2 кафедраи бемориҳои сироятии бачагонаро ташкил карда, то охири умр мудири он буд. Саринфексионис-ти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ оид ба бемориҳои бачагона (1968 – 1987). Дар мавзӯи «Омӯзиши раванди оксиду барқароршавӣ ва мувозанати кислотаю ишқор ҳангоми бемории Боткин» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Оид ба масоили бемориҳои сироятӣ зиёда аз 100 асари илмӣ, таълимию методӣ дорад. Фаъолияти илмию амалии А. асосан ба дарёфти усулҳои самараноки пешгирӣ ва табобати гепатитҳои вирусӣ равона шуда буд. Тадқиқот дар ин самт бо ҳамкории беморхонаю пажӯҳишгоҳҳои номии шӯравӣ, мас., Пажӯҳишгоҳи вирусологияи АИТ ИҶШС, ҳамчунин Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ва Пажӯҳишгоҳи эпидемиологияю гигиенаи ҷумҳурӣ сурат гирифтанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар кафедра дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, тезисҳо, 18 тавсияномаҳои методӣ ба табъ расида, 4 таклифи навоварӣ пешниҳод ва 7 рисолаи номзадии илм ҳимоя карда шуд. Зери роҳбарии А. дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бори нахуст дар Тоҷикистон барои назорати кӯдаконе, ки гепатитҳои вирусиро аз сар гузарондаанд ва барои беморони гирифтори амрози музмини вирусии ҷигар утоқҳои диспансерӣ ташкил карда шуданд. Мақолаи мубоҳисавии А. (ҳамроҳи Вайл Л. В. ва Қосимова М. А.) дар саҳифаи маҷаллаи «Вопросы охраны материнства и детства» боиси тағйир додани таснифоти бемориҳои роҳи меъдаю рӯда дар кӯдакон гашт. Бо ордени «Дӯстии халқҳо» ва диг. мукофотҳои ҳукуматию соҳавӣ сарфароз гаштааст.
Ос.: Ташхису муолиҷаи бемории Боткин дар бачагон, Д., 1970; Тарзу усулҳои муолиҷаи баъзе бемориҳои вазнини бачагона, Д., 1972.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …