АГАММАГЛОБУЛИНЕМИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ, гамма-глобулин ва гемо…), бемории Брутон, бемории ирсиест, ки ҳангоми он дар таркиби хун гамма-глобулинҳо кам ё нест мешаванд. Дар натича дар организм подтан (антитела)-ҳо ба вучуд намеоянд. Ашхоси гирифтори А. ба таъсири бемориҳои сироятӣ хеле ҳассос мегарданд. А. хеле кам дучор меояд. Асосан дар писарбачаҳои то 6-сола ба мушоҳида мерасад. Беморӣ асосан аз 2-солагии тифл оғоз меёбад, вале нишонаҳои аввалини он ҳанӯз дар охирҳои яксолагии ӯ ба мушоҳида мерасанд. Ҳангоми А. бемориҳои сироятӣ дурудароз ва бо оризаҳои вазнин чараён меёбанд. Имкон дорад, ки пневмония, отит, пиодермия ва уфунатҳо такроран рух намоянд. А. ба тавассути антибиотикҳо, гамма-глобулин, плазма, витаминҳо ва ғ. муолиҷа карда мешавад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …