181.Ба кор кабулкуни чи гуна барасмият дароварда мешавад?
- A) Бо қарори коллективи меҳнатӣ, бо қарори суд; B) бо қарори Иттифоқи касаба, бо розигии коллективи меҳнат; C) бо фармони маъмурият, воқеан ба кор роҳ додан; D) бо фармон ё амри маъмурият; E) бо амри маъмурият, қарори иттифоқи касаба;
182.Намудҳои ба кори дигар гузарониданро ҷудо намоед.
- A) доимӣ, муваққатӣ; B) доимӣ, муваққатӣ, мавсими; C) муваққатӣ, мавсимӣ; D) доимӣ, мавсимӣ, ва иваз намудани коргари дар кор хозир набуда; E) доимӣ, воқеӣ;
183.Кадом шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси коркунон бекор карда мешавад?
- A) Мӯҳлатнок ва бо кормандони хоҷагӣ басташуда;B) ба мӯхлати номуайян басташуда, мӯҳлатнок ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ё вайрон намудани қонунгузории меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ва дигар сабабҳои узрнок; C) муваққатӣ ва мавсимӣ; D) ба мӯҳлати номуайян басташуда, даъват ва ё дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ; E) бо ноболиғон басташуда ва мӯҳлатнок;
- Навъхои вақти кориро нишон дихед.
- A) Мӯътадил, нопурра; B) мӯътадил, кӯтоҳ, нопурра; C) мӯътадил, изофа, нопурра; D) нопурра, пурра, изофа; E) ба меъёргирифташуда ва кӯтоҳ;
185.Давомнокии муътадили вақти корро ишора намоед.
- A) 42 соат дар як ҳафта ва 6 соат дар як рӯз; B) 41 соат дар як ҳафта ва 9 соат дар як рӯз; C) 36 соат дар як ҳафта ва 7 соат дар як рӯз; D) 41 соат дар ҳафтаи 6 рӯзаи корӣ, 42соат дар ҳафтаи5 рӯзаи корӣ; E) 40 соат дар як ҳафта;
186.Давомнокии кӯтоҳи вақти корро чудо намоед.
- A) аз 35 соат дар як ҳафта барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок, ноболиғони аз 15 то 18 сола ва 24 соат барои ноболиғони аз 14 то 15 сола; B) 35 соат дар як ҳафта; C) То 36 соат дар як ҳафта ва мувофиқан 6 соат дарякрӯз; D) 40 соат дар як ҳафта ва 5 соат дар як рӯз E) Аз 24 то 41 соат дар як ҳафта;
- Изофакорӣ чист?
- A) Коре мебошад, ки бо амр ва ё вазифаи маъмурият ба амал бароварда шуда, аз давомияти вақти кории мӯътадил берун мебарояд; B) коре, ки бо амри маъмурият дар ҳолатҳои фавқуллода супориш дода мешавад; C) коре, ки бо супориши маъмурият ва розигии коркун иҷро карда мешавад; D) коре, ки бо розигии иттифоқи касаба иҷро карда мешавад; E) кори зиёда аз вақти корӣ;
188.Давомнокии изофакорӣ чи кадар аст?
- A) 4 соат дар давоми ду рӯз пайдарпай ва120 соат дар давоми як сол; B) то 120 соат дар давоми як моҳ; C) то 10 соат дар ду рӯз пай дар пай; D) то 12 соат дар давоми як ҳафтаи корӣ; E) дар давоми ду рӯз пайдарпай 2 cоат дар корхои зарарнок, 4 соат дар дигар корхо ва на бештар аз 120 соат дар давоми як сол;
189.Кадом коркунонро ба изофакорӣ ҷалб намудан манъ аст?
- A) Ноболиғони то 16 сола, занони ҳомила, нафақахӯрон; B) Ноболиғони то 18 сола, занони ҳомиладор, маъюбон, шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар мактабҳои умумӣ ё касбии техникӣ мехонанд дар рӯзҳои дарсиашон; C) нафақахӯрон, маъюбон, коркуноне, ки дар мактабҳои олӣ тахсил менамоянд; D) занони ҳомила вакӯдакони ширхор доранд; E) ноболиғони то синни14 сола, занони ҳомила, маъюбон, нафақахӯрон;
190.Намудхои вақти дамгирӣ кадомҳоянд?
- A) Танаффус дар вақти кор, танаффуси байни бастҳои корӣ, рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид, рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнатӣ рухсатиҳои таҳсил ва иҷтимоӣ; B) рухсатии ҳарсола, рӯзи наврӯз, рӯзи ид; C) танаффус дар вақти кор, рӯзҳои ид, рухсатии иловагӣ; D) рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид, рухсатиҳои ҳарсола; E) танаффус дар давоми кор, байни бастҳои меҳнатӣ, рухсатиҳои асосӣ ва иловагӣ;
Мӯҳлати рухсатии ҳарсолаи ноболиғонро муайян намоед.
- A) То 45 -рӯз; B) То 25 -рӯз; C) на камтар аз 30 рузи тақвимӣ; D) то 24 -рӯз; E) то 60 –рӯз;
192.
Дар кадом фасли сол ба ноболиғон рухсатӣ дода мешавад?
- A) Дар фасли тобистон ё дигар мавсими барояшон мувофиқ; B) дар вактхои бекори; C) дар моҳи март; D) дар моҳи ноябр; E) дар тамоми фасли сол;
193.
Ба кадом тартиб рухсатии меҳнатӣ дода мешавад?
- A) Бо фармони маъмурият; B) бо розигии коркун пас аз гузаштани 11 моҳи корӣ; C) дар асоси рӯйхатҳои пешбинишуда ва розигии иттифоқи касаба; D) дар соли аввали кор пас аз 11 моҳи корӣ, ва дар солҳои минбаъда аз рӯи рӯйхат (график)-и рухсатиҳо; E) бо розигии иттифоқи касаба дар давоми соли корӣ;
194.Низоми асосии музди корро номбар кунед?
- A) Маоши мансабӣ, вақтбайъ; B) мукофотӣ, ҳавасмандкунӣ, корбайъ; C) вақтбайъ, корбайъ, ҳавасмандкунӣ; D) корбайъ, маоши мансабӣ; E) вақтбайъ, корбайъ;
195.Усулҳои таъмини интизоми меҳнат кадомҳоянд?
- A) Боваркунонӣ, маҷбуркунонӣ; B) ҳавасмандкунӣ, боваркунонӣ; C) боваркунонӣ, раҳматнома, инъом, огоҳӣ; D) огоҳӣ, огоҳии қатъӣ, тухфаи пуркиммат; E) раҳматнома, боваркунонӣ, инъом;
196.Навъҳои ҷавобгарии интизомӣ кадомҳоянд?
- A) Умумӣ, аз рӯи қонун; B) махсус, аз рӯи барнома; C) умумӣ, махсус; D) умумӣ, аз рӯи Оиннома; E) аз рӯи қонун, умумӣ;
197.Намудҳои ҷавобгарии моддии кормандонро нишон дихед.
- A) Шартномавӣ; B) маҳдуд, пурра; C) шартномавӣ, ғайришартномавӣ; D) маҳдуд, омехта, пурра; E) Пурра, маҳдуд, махсус;
198.Намудҳои баҳсҳои меҳнатӣ.
- A) Коллективӣ, инфиродӣ (индивидуалӣ), хусусӣ; B) Корпартоӣ, коршиканӣ, инфиродӣ; C) инфиродӣ, коллективӣ, якҷоя; D) хусусӣ, омехта, коллективӣ; E) инфиродӣ, коллективӣ;
199.Аз синни чандсолагӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан мумкин аст?
- A) Аз синни 25 солагӣ; B) аз синни 16 солагӣ; C) аз синни 20 солагӣ; D) аз синни 18 солагӣ; E) аз вақти баникоҳдароӣ;
201.Қиёфаҳои (типҳои) таърихии давлатро номбар кунед.
- A) Ғуломдорӣ, феодалӣ, демократӣ, дунявӣ; B) ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ, сотсиалистӣ; C) феодалӣ, капиталистӣ, сотсиалистӣ, ҳуқуқбунёд; D) сотсиалистӣ, федеративӣ, ягона, капиталистӣ; E) капиталистӣ, ҳуқуқбунёд, федеративӣ, сотсиалистӣ;
202.Нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёдро нишон дихед.
- A) Волоияти қонун, ҳимояи манфиатҳои меҳнаткашон; B) волоияти қонун, тақсимоти ҳокимияти давлати ба хокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ; C) ягонагии ҳуқуқ ва ӯҳдадории шаҳрвандон.пурзӯршавии ҳокимияти мутамарказ; D) мақомоти якуминдараҷаи қонун ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҳокимияти ягона; E) волоияти қонун, инкишоф ва кафолати ҳуқуқваозодиҳои шаҳрвандон, тақсимоти ҳокимият ба қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ;
203.Қобилияти амалкунии пурра аз чандсолагӣ ба вуҷуд меояд?
- A) аз 16 солагӣ; B) аз 17 солагӣ; C) аз 18 солагӣ; D) 18 ва хангоми ба никохдарои аз лахзаи акди никох; E) аз 14 солагӣ;
204.
Кадоме аз ин ҳуқуқҳо ба хуқуқҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон дохил мешавад?
- A) ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба дахлнопазири манзил; B) ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, таъминоти моддӣ, ҳуқуқ ба истифодаи комёбиҳои маданию фарҳангӣ, ҳуқуқ ба моликиятӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ; C) ҳуқуқ ба истифодаи комёбихои маданию фар-хангӣ, ҳуқуқба зиндагӣ, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил; D) ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқи шикоят кардан; E) ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ батаҳсил, ҳуқуқбадахлнопазириишахсият, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ;
205.
Сарқонуни ҳоло амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул карда шуд?
- A) 7 ноябри соли 1937; B) 6 ноябри соли 1978; C) 6 ноябри соли 1994; D) 28 июни соли 1997; E) 26 сентябри соли 1999;
206.
Чораҳои ҷазои интизомиро номбар кунед.
- A) Огоҳӣ, танбеҳ, аз кор озод намудан, аз озодӣ маҳрум намудан; B) огоҳӣ, танбеҳ, танбеҳи сахт, ба кори муздаш кам ё ба вазифаи паст ба муддати то 3 моҳ гузаронидан, аз кор озод намудан; C) танбеҳ, огоҳӣ, ба кори дигар гузаронидан, аз кор озод намудан; D) аз мукофот маҳрум намудан, ба кори муздаш кам гузаронидан, ҷарима; E) сарзаниш, танбеҳ, аз кор озод намудан;
207.
Синни никоҳӣ барои мардон ва занон аз чандсолагӣ муқарар шудааст?
- A) 16 солагӣ; B)17 солагӣ; C) 18 солагӣ; D) 19 солагӣ; E) 17- 18 солагӣ;
208.
Дар Точикистон кадом шаклхои моликият мавчуд аст?
- A) Моликияти хусусӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ; B) моликияти шаҳрвандон, давлатӣ, коммуналӣ; C) моликияти шахсӣ, кооперативӣ-колхозӣ, моликияти давлатӣ; D) моликияти хоҷагии деҳқонӣ, иҷоравӣ, давлатӣ, коллективӣ; E) моликияти хусусӣ, коллективӣ, давлатӣ;
209.
Дар Тоҷикистон чанд маротиба Конститутсия кабул карда шудааст?
- A) 2 маротиба; B) 3 маротиба; C) 4 маротиба; D) 5 маротиба; E) 6 маротиба;
210.
Ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандонро нишон диҳед.
- A) ҳуқуқи шикояткунӣ аз болои шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, озодии сухан; B) хуқуқи иштирок дар муҳокима ва қабули қонуну қарорҳо, озодии виҷдон ва ақида, озодии сухан ва матбуот; C) ҳуқуқи шикоят, дахлнопазирии манзил, озодии сухан ва нашр; D) хуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ба истироҳат ва таҳсил, озодии матбуот ва роҳпаймоӣ; E) ҳуқуқи муттаҳид шудан, ҳуқуқи иштирок кардан дар ҳаёти сиёсӣ ва давлатӣ, озодии сухан, нашр, озодии ширкат дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаӣмоии осоишта, ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ва ғ;
211.
Давлатҳо аз ҷиҳати шакли сохт чӣ гуна мешаванд?
- A) Унитарӣ, федеративӣ, конфедеративӣ; B) ғуломдорӣ, федеративӣ, сотсиалистӣ, конфедеративӣ; C) унитарӣ, омехта, федеративӣ, сотсиалистӣ; D) феодалӣ, федеративӣ, конфедеративӣ; E) унитарӣ, конфедеративӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд;
212.
Асосҳои соҳибшавӣ ба шаҳрвандӣ кадомҳоянд?
- A) Қабул шудан ба шахрвандӣ, баромадан аз он, таваллуд; B) таваллуд, аз шахрвандии дигар давлат баромадан, гурезаи сиёсӣ эътироф карда шудан; C) барқарор намудан ба шахрвандӣ, бешахрвандӣ будан, соҳиб шудан ба шахрвандӣ; D) таваллуд, қабул шудан ба шахрвандӣ, аз рӯи асосхое, ки шартномаҳои байналхалқи пешбинӣ менамоянд; E) таваллуд, бешаҳрвандӣ, шаҳрвандии дигар давлатро қабул кардан;
213.
Санаи соҳибихтиёр гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намоед.
- A) 25 ноябри соли 1925; B) 10 ноябри соли 1931; C) 24 августи соли 1990; D) 9 сентябри соли 1991; E) 6 ноябри соли 1994;
214.
Шартномаҳои меҳнатӣ дар кадом шакл баста мешаванд?
- A) Даҳонӣ, хаттӣ, ба мӯҳлати 3 сол; B) мавсимӣ, ичрои корхои махсус; C) даҳонӣ, хаттӣ; D) мавсимӣ, дар асоси шартнома; E) бемӯҳлат ва мӯҳлатнок -5 сол;
Ақди никоҳ дар кадом мақомотҳо бекор карда мешавад?
- A) Суд, прокуратура, адвокатура; B) Чамоат, суд; C) Прокуратура; D) Суд, САҲШ; E) Прокуратура, САҲШ ва суд;
217.
Қобилияти меҳнатии шаҳрвандон аз синни чандсолагӣ оғоз меёбад?
- A) 14; B) 15; C) аз 15 солагӣ ва дар мавридҳои истисноӣ аз 14 солагӣ; D) 16; E) 17;
218.
Асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон дихед.
- A) Давлат, низоми иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо; B) низоми маданӣ ва иқтисодӣ; C) дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон, соҳибихтиёрии давлат ва халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, эътибори олии ҳуқуқии Конститутсия, гуногуншаклии моликият; D) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, давлат, ҳизбҳо; E) низоми иқтисодӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳизбҳо;
219.
Соҳаҳои асосии ҳуқуқро номбар кунед.
- A) Прокуратура, ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, судӣ; B) ҳуқуқи маъмурӣ, гражданӣ, экологӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, меҳнатӣ, молиявӣ; C) ҳуқуқи кишоварзӣ, экологӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, савдои дохилӣ, банкӣ; D) хуқуқи бонкӣ, колхозӣ, судӣ, гражданӣ, савдои беруна; E) хуқуқи давлатӣ, судӣ, кишоварзӣ, меҳнатӣ, молиявӣ;
220.
Шартҳои бастани ақди никоҳро номбар кунед.
- A) Розигии падару модар, ба синни никоҳӣ расидан, розигии зану мард; B) ба синни никоҳӣ расидан, розигии тарафҳо, розигии органҳои CАҲШ; C) розигии тарафаӣн, ба синни никоҳӣ расидан; D) розигии органи CАҲШ, падару модарон, ба синни никохӣ расидан; E) розигии зану мард, набудани монеаҳои ақди никоҳ, ба синни никоҳӣ расидан;
221.
Намудҳои ҷавобгарии хукукиро нишон дихед.
- A) Моддӣ, гражданӣ, маънавӣ, хоҷагӣ, интизомӣ; B) гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, интизомӣ; C) ахлоқӣ, моддӣ, ҷиноятӣ, хоҷагӣ, судӣ; D) чиноятӣ, экологӣ, ахлоқӣ, маъмурӣ, хоҷагӣ; E) моддӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, хоҷагӣ, маъмурӣ;
222.
Самтҳои фаъолияти давлатро қайд намоед.
- A) дохилӣ, муҳофизати моликият ва қонуният; B) берунӣ, муҳофизати мамлакат аз ҳуҷуми беруна; C) хоҷагӣ-ташкилӣ, маданию тарбиявӣ; D) муҳофизати моликият, дохилӣ, берунӣ, хоҷагӣ-ташкилӣ; E) дохилӣ ва берунӣ;
224.
Шаклҳои ҳуқуқ кадомҳоянд?
- A) Меъёрҳои ҳуқуқӣ, одат, амсоли судӣ; B) шартномаҳо, дастурамал, қонун; C) Конститутсия, қонунҳо, фармонҳо; D) хуқуқ, одат, ӯҳдадориҳо; E) фармонҳо, одат, ӯҳдадориҳо;
225.
Давомияти вақти кории ноболиғон дар як ҳафта чанд соат аст?
- A) барои ноболиғони 14-15 сола 24 соат ва аз синни 15 то 18 сола 35 соат дар як ҳафта; B) барои ноболиғони 15-16 сола 36 соат ва аз синни 16 то 18 сола 41 соат; C) 41-42 соат; D) 24 соат; E) 26 соат;
226.
Қобилияти ҳуқуқдории гражданӣ чист?
- A) Қобилияти меҳнат кардан; B) қобилияти шартнома бастан; C) қобилияти ӯҳдадориҳои гражданӣ доштан; D) қобилияти соҳиби ҳуқуқҳои гражданӣ донистан; E) қобилияти соҳиби ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ будан;
227.
Маҳдудшавии қобилияти амалкунии шаҳрвандонро нишон дихед.
- A) Дар ҳолати ҳабс намудани шахс барои содир намудани ҷиноят; B) шахсоне, ки фаъолияти меҳнатии хешро қатъ намудаанд; C) ҳангоми ба нафақабароӣ ва суистеъмоли машруботи спиртӣ ва маводи наркотикӣ; D) ҳангоми суистеъмоли машруботи спиртӣ ва маводи наркотикӣ, ки ба канда кардани ақди никоҳ меоварад; E) ҳангоми суистеъмоли машруботи спиртӣ, маводи наркотикӣ ва таксикомания оилаи худро ба вазъияти душвори моддӣ гузоштан;
228.
Кӣ қобилияти амалкунии шаҳрвандонро маҳдуд менамояд?
- A) Волидайни (падару модари) фарзандон; B) махдуд намудан мумкин нест; C) прокурор ва милиса; D) прокурор, суд ва милиса; E) танҳо суд;
229.
Ғайри қобили амал эътироф намудани шахс мумкин аст?
- A) ҳа, агар бемории тӯлонӣ дошта бошад; B) агар қобилияти меҳнатӣ ва фикрии худро гум карда бошад; C) дар натиҷаи сустақлӣ ё касалии рӯхӣ аҳмияти ҳaракатҳои худро нафаҳмад ва ба он роҳбарӣ карда натавонад; D) дар натичаи майзадагӣ ва нашъамандӣ ё таксикомания худ ва оилаи худро ба вазъияти душворӣ молӣ гузорад; E) не, бе ҳеҷ ваҷҳ қобилияти амалкунии шахсро маҳдуд намудан мумкин нест;
230.
Кадом ваколатҳои соҳибмулк бегонашаванда аст?
- A) Ҳуқуқи соҳибӣ кардан, истифода бурдан ва нигоҳ доштан; B) ҳуқуқи сохибӣ кардан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардан; C) ҳуқуқи сохибӣ кардан, ихтиёрдори намудан, истифода бурдан ва нигох доштан; D) танҳо ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудан; E) ҳуқуқи соҳибӣ намудан ва истифода бурдан;
231.
Намудҳои вақти дамгириро номбар намоед?
- A) Вақти дар кор хозир нашудан; B) вақти умуман ба кор нарафтан, рӯзҳои ид; C) вақте, ки коргар ба саёҳат меравад; D) давомияти вақте, ки меҳнаткаш ба рухсатии меҳнатӣ меравад; E) рӯзҳои истироҳат, рухсатии меҳнатӣ, рӯзҳои ид, танафусҳо дар давоми рӯзи корӣ;
232.
Шаклҳои демократия?
- A) Халқӣ, давлатӣ, ҷамоавӣ; B) мустақим ва демократӣ; C) бевосита (мустақиман) ва бавосита; D) парламент ва президентӣ; E) намояндагӣ, интихобӣ ва ғаӣримустақим;
234.
Вақти корӣ чист?
- A) давомияти рӯзи кориро меноманд, ки коргар дар корхона мебошад; B) давомияти вақте, ки меҳнаткаш дар ҷои кории худ мебошад; C) давомияти вақте, ки коргар ё хизматчӣ функсияи меҳнатии худро иҷро менамояд; D) давомияти вақте, ки коргар дар як ҳафта ба кор меояд; E) давомияти вақте, ки коргар ё хизматчӣ аз хона ба кор меравад;
235.
Навъҳои ба кори дигар гузаштанро номбар кунед.
- A) Доимӣ; B) доимӣ ва муваққатӣ; C) муваққатӣ; D) мавсимӣ; E) дар натиҷаи бекористӣ;
236.
Кори зиёда аз вақти корӣ чист?
- A) зиёда аз 36 соат; B) зиёда аз 41 соат; C) кори зиёда аз вақти мӯътадили корӣ, ки бо амри маъмурият иҷро карда мешавад; D) зиёда аз 31 соат; E) зиёда аз 24 соат;
237.
Адолати судиро кадом мақомот ба амал мебарорад?
- A) вазорати адлия; B) суд ва прокуратура; C) суд; D) вазорати амнияти миллӣ, суд;
- E) адвокатура, прокуратура, суд;
238.
Вазифаҳoи конститутсионии мақомоти судӣ аз чӣ иборат аст?
- A) Аз ҷазо додани гунахкорон; B) аз ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон; C) аз ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои давлат; D) аз ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон; E) аз ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, манфиати давлат, созмону муассисаҳо ва қонунияту адолат;
239.
Cудяҳо дар иҷрои вазифаҳои худ ба кӣ итоат мекунанд?
- A) Ба раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олӣ ва Президенти ҶТ; B) ба Президент ва раиси суди Олии ҶТ; C) ба Президент ва раисони судҳои болоӣ; D) танҳо ба қонун; E) ба қонун, Президенти ҶТва раисони судҳои болоӣ;
240.
Сохтор ва вазифаҳои мақомоти судиро ба ғайр аз Конститутсия боз кадом санадҳои ҳуқуқӣ мукаррар намудаанд?
- A) Қонун «Дар бораи сохтори судҳо» аз 28 декабри соли 1993; B) Қонун «Дар бораи сохтори судҳо» аз 28 декабри соли 1993 ва Фармонҳои Президент; C) Қонуни конститиутсионӣ «Дар бораи судҳо» аз 6 августи соли 2001 ва дигар қонунҳо; D) Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳо» аз 10 августи соли 2001 ва Қарорхои Маҷлиси Олӣ ва Президенти ҶТ; E) ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;