Ҳикоя мекунанд, ки дар кадом як замоне дар Бухоро махлуқе пайдо щудааст. Вай бисьёр бадҳайбат будааст. Одами дидагӣ лом нагуфта ҷон медодааст. Мардум илоҷи нобуд кардани махлуқро наёфта, пеши Абўалӣ Сино рафтаанд. Абўалӣ Сино мақсади онҳоро фаҳмида, бо устоҳои оҳангар фармудааст, ки як доми бузург созанд. Рўи домро сайқал диҳанд.
Устоҳо ҳамин тавр кардаанд. Домро пинҳонӣ бурда, сари роҳи махлуқ гузоштаанд. Он махлуқ ба дом наздик омада, акси худро дар доми ҷилодор дида, худаш ба акси худаш дарафтодааст ва гирифтори дом шуда ҳалок гардидааст.
Одамон ба шарофати тадбири Абўалӣ Сино аз дасти он ҳайвон – махлуқи одамкуш раҳоӣ ёфтаанд.