Дар «Инҷил» омадааст, ки «Эй фарзанди Одам, агар тавонгарӣ диҳамат, муштағил шавӣ ба мол аз ман ва гар дарвеш кунамат, тангдил нишинӣ, пас ҳаловати зикри ман куҷо дарёби ва ба ибодати ман кай шитобӣ!»
Гаҳ андар неъмати мағруру ғофил,
Гаҳ андар тангдасти хаставу реш.
Чу дар саррову зарро ҳолат ин аст,
Надонам, кай ба ҳақ пардозӣ аз хеш?