Главная / Теги: Ҳикмат

Теги: Ҳикмат

Пушаймони пеш аз мурдан

odinochestvo

Ду кас мурдану тахассур бурданд: яке он кӣ дошту нахўрд ва дигар он кӣ донисту накард. Фурсат ғанимат шумор. Касе набинад бахил фозилро, Ки на дар айб гуфтанаш кўшад. В-ар кариме дусад гуннаҳ дорад, Карамаш айбҳо фурў пушад. Тамом шуд китоби «Гулистон» ба тавфиқи бори азза исмаҳу. Дар ин ҷумла …

Муфассал »

Қиссаҳо аз Саъдии Шеърозӣ

bedyak

Ҳакимеро пурсидаанд: «Чандин дарахти номвар, ки худои азза ва ҷалла офаридаасту барўманд, ҳеҷ якро озод нахондаанд магар сарвро, ки самаре надорад. Гўй, дар ин чӣ ҳикмат аст?» Гуфт: – ҳар якеро  дахле муайян  асту вақте маълум, ки гоҳе ба вуҷуди он тозаанду гоҳе бо одами он пажмурда  ва сарвро ҳеҷ …

Муфассал »

Ҳар кӣ ба зердастон набахшояд, ба ҷаври забардастон гирифтор ояд.

pair-707505_1920

Ҳар кӣ ба зердастон набахшояд, ба ҷаври забардастон гирифтор ояд. На ҳар бозу, ки дар вай қуввате ҳаст, Ба мардӣ оҷизонро бишканад даст. Заифонро макун бар дил газанде, Ки дармонӣ ба ҷаври зўрманде.

Муфассал »

Гар ба маҳшар хитоби қаҳр кунанд

1540973793_1

Гар теғи қаҳр баркашад, набию вали сар даркашанд вагар ғамзаи лутф биҷунбонад, бадон ба некон даррасонад. Гар ба маҳшар хитоби қаҳр кунанд, Анбиёро чӣ ҷои маъзарат аст. Парда аз рўи лутф, гў, бардор, К-ашқиёро умеди мағфират аст.

Муфассал »

Инҷил китоби Насрониён

nodirshoh

Дар «Инҷил» омадааст, ки «Эй фарзанди Одам, агар тавонгарӣ диҳамат, муштағил шавӣ ба мол аз ман ва гар дарвеш кунамат, тангдил нишинӣ, пас ҳаловати зикри ман куҷо дарёби ва ба ибодати ман кай шитобӣ!» Гаҳ андар неъмати мағруру ғофил, Гаҳ андар тангдасти хаставу реш. Чу дар саррову зарро ҳолат ин …

Муфассал »

Сагеро луқмае ҳаргиз фаромўш

1-56

Аҷалли коинот аз рўи зоҳир одамист ва аззали мавҷудот-саг. Ба иттифоқи хирадмандон саги ҳақшинос беҳ аз одами носипос! Сагеро луқмае ҳаргиз фаромўш Нагардад, гар зани сад навбаташ санг. В-агар умре навозӣ сифлаеро, Ба камтар тундӣ ояд бо ту дар ҷанг.

Муфассал »

Хатое равад, даргузаронад аз ў

hmv4uxebqejmqztrvmc-wa-article

Дурўғ гуфтан ба зарбати шамшер монад, ки агар низ ҷароҳат дуруст шавад, нишон бимонад, чун бародарони Юсуф, ки ба дурўғи мавсум шуданд, ба рост гуфтани эшон эътимод намонд. Якеро, ки одат бувад ростӣ, Хатое равад, даргузаронад аз ў. В-агар номвар шуд ба қавли дурўғ, Дигар рост бовар надоранд аз ў.

Муфассал »