Маҳмуд

Тане чанд аз бандагони Маҳмуд гуфтанд Хасани Маймандиро, ки султон имрўз туро чӣ гуфт дар фалон маслиҳат? Гуфт:
– Бар шумо ҳам пўшида набошад. Гуфтанд:
– Он чӣ бо ту гўяд, ба амсоли мо гуфтан раво надорад.
mahmudiГуфт:
– Ба эътимоди он ки донад, ки нагўям, пас чаро ҳамепурсед?

На ҳар сухан, ки барояд, бигўяд аҳли шинохт,
Ба сирри шоҳ сари хештан нашояд бохт.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …