Ҳанафия /бо номи Мазҳаби Имоми Аъзам низ маъруфият дорад/, ки пайравони Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Қайс ибни Завтӣ ибни Марзбон Ал-Форсӣ, Ал-Кобулӣ, Ал-Кӯфӣ /699/ 80 ҳ.қ,767 /150 ҳ.қ7 мебошанд.
Ин мазҳаби муҳаззаби сироҷи уммати Расулуллоҳ дар Арабу Аҷам, ба вижа дар Мовароуннаҳру Хуросон, қисмати шимолии Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Покистон, Руссия (Тотористон, Бошқиристон), Индонезия, Малайзия, Чин, Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Шимолу Шарқии Африқо ва ғайра паҳн гардидааст ва 60 фиссади олами Ислом бар ин мазҳабанд.