Сурхзанбўре бар магаси асал зўр овард, то вайро тўъмаи худ созад. Ба зорӣ даромад, ки:
— Бо вуҷуди ин ҳама шаҳду асал маро чӣ қадру маҳал, ки онро бигузорӣ ва ба ман рағбат орӣ?
Занбўр гуфт:
— Агар он шаҳд аст, ту шаҳдро конӣ ва агар он асал аст, ту сарчашмаи онӣ.
Қ и т ъ а
Ай хуш он марди ҳақиқат, ки зи пайғому салом
Рў битобад, ба сўйи моидаи васл равад.
Асл чун рўй намояд зи паси пардаи фаръ33,
Фаръро боз гузорад, ба сари асл равад.