Матни суруди – Шеъри АЛЛАИ МОДАР
Бибиҷони дилбаста,
Дар рӯйи кат нишаста:
Кати нарми бобоӣ
Хуш мехонад лолоӣ:
«Нӯшофаринам, алла,
Ба ҷон қаринам, алла.
Тахти заринам, алла,
Чархи баринам, алла.
Алла, ҷонам, аллаё
Дилу ҷонам, аллаё».
Бо аллаи бибиҷон,
Модарҷони меҳрубон.
Мо ҳама гаштем калон
Донояку мактабхон.