Главная / Гуногун / Ҳунармандӣ дар асри XVI

Ҳунармандӣ дар асри XVI

Истеҳсолоти ҳунармандӣ ва сифати маҳсулоти он дар давоми асри XVI ба ҳолати пешинаи худ боқӣ монд. Лашкаркашӣ ва тохтутози бешумор ба Хуросон барои аҳолӣ бисёр гарон буд. Хусусан ҷангҳои байнихудӣ, ки қариб ним аср давом кард, аҳволи мардумро ниҳоят табоҳ сохт. Заминҳои кишт поймол, шаҳрҳо тороҷ ва хироҷу андозҳо зиёд шуданд.

buxoro

Шаҳрҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамлакат нақши калон бозидаанд. Махсусан шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Фарғона, Хуҷанд, Ҳисор тараққӣ карда буданд. Ҳунармандон дар шаҳрҳо кам набуданд. Касбҳои маъруф дар шаҳрҳо бофандагӣ, кордгарӣ, кулолӣ, оҳангарӣ, бинокорӣ, дӯзандагӣ, ошпазӣ буданд. Махсусан, ҳунари устоҳои коғазрези Самарқанд маъруфу машҳури мамлакатҳои дигар гашта буд.

Дар таърихн касбу кссибии марду.ми Осиеи Миёна знёда аз 100 ҳунар ма ълуму машҳур аст. Косибон устохонаҳои худро доштанд. Дар баъзе шаҳрҳо косибони як соҳаи ҳунармандӣ дар гузар ё маҳаллаҳои алоҳида истиқомат мекарданд. Аз ҳамин сабаб баъзе гузарҳои шаҳр номи “гузари кордгарон”, “гузари собунгарон”, “гузари дегрезон”. “гузари мехчагарон”, ва амсоли инҳоро гирифтааст.

Дар шаҳрҳо бозорҳо буданд. Дар шаҳрҳои калон дар як ҳафта ду рӯз рӯзи бозор мешуд. Ҳунармандон маснуоти худро ба бозор низ мебароварданд. Косибоне буданд, ки дар устохонаҳо кироя кор мекарданд ва ба ивази корашон музд мегирифтанд. Аз косибон низ андоз ситонида мешуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …