Дар тўли инкишофи ҷамъият инсоният тадриҷан нақши ҳуқуқ ва бартарияти онро дар ҳаёти худ дарк намуда, кўшиш кардааст, ки асос ва доираи фаъолияти давлатро низ ҳуқуқ муайян намояд, то ки орзуи деринаи башарият оид ба барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд амалӣ гардад. Чунин давлат фаъолияти худро бояд дар асоси қонунҳо ва меъёрҳои байналхалқӣ ба роҳ монад.
Бартарияти ҳуқуқ ҳамзамон маънои онро дорад, ки ҳалли масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ аз ҷиҳати ҳуқуқ танзим шуда, арзишҳои маънавӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи умумиинсонӣ ва расман танзимшаванда дар пайвастагӣ бо тақсимоти ташкиливу ҳудудии ҷамъият ва қонунӣ будани ҳокимияти оммавӣ истифода ва амалӣ карда шаванд.
Зеро танҳо иҷрои талаботи қонун ва тобеият ба нишондодҳои он метавонад амали қонунро ҳаётӣ гардонида, волоияти онро таъмин намояд. Бинобар ин, шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва худи давлат дар симои мақомоти ҳокимияти идоракунии давлатӣ, судҳо, прокурорҳо ва дигарон бояд фақат ба қонун итоат намоянд. Фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар ҳадду андозае, ки қонун иҷозат додааст ва манъ накардааст, яъне аз рўи принсипи «он чизе, ки қонун манъ накардааст, равост», ба амал бароварда мешавад. Вале ин принсип маънои онро надорад, ки рафтори субъектҳои ҳуқуқие, ки бархилофи қоидаҳои ахлоқ ва расму анъанаҳои миллӣ мебошад, иҷозат дода мешавад.
Фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, судӣ ва мақомоти дигар низ бояд дар доира ва андозае, ки қонун иҷозат додааст, амалӣ карда шавад.
Волоияти қонун ҳамчунин маънои онро дорад, ки ҳама дар назди
қонун баробаранд. Қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ифодакунандаи мақсаду мароми аъзои ҷамъият мебошад.