- Бидонед: бинотарин чашм он аст, ки дар роҳи хайр боз шавад.
- Бидонед: тиҳидастӣ балост ва баъдтар аз тиҳидастӣ ранҷурии ҷисм аст ва баъдтар аз марказӣ бемории халқ /рўз/ аст.
- Бидонед: касе, ки намедонад, набояд аз омўхта шарм кунад, ки қиммати ҳар кас ба қадри маълумоти ўст.
- Шароб сари ҷамъи гуноҳон аст.
- Ҳаё сар то по хайр аст.
- Офати Сухан дурўғ аст.
- Хушбахт он аст, ки аз саргузашти дигарон панд гирад.
- Ҳар коре неке садақа аст. Олимон дар миёни халқ мисли амонатдори худоянд.
- Биҳишт зери қадами модарон аст.
- Мўъмин касест, ки молу ҷони мардум аз ў дар Амон бошад.
- Олим ва толиби илм дар хайр шариканд.
- Ҳар ки илм талаб кунад, ризқашро кафолат кунад.
- Талаби илм барои ҳар марду зани мусулмон фарз аст.
- Беҳтарини шумо касест, ки шуморо ба кори хайр даъват кунад.
- Бар аҳли хона, то баракати хона зиёд гардад.
- Ҳар бандае, ки ҳамсояаш аз шарри ў эмин набошад, рўи биҳишт набинад.
- Аз гаҳвора то гўр дониш биҷўй.
- Ғайбати мусулмононро накунед ва дар ҷустуҷўи айби онҳо набошед.
- Беҳтарини ҷавонони шумо он аст, ки худро шабеҳи пирон кунад ва бадтарини пирон касест, ки худро шабеҳи ҷавонон кунад.
- Ҳеҷ падаре беҳтар аз одоб ба фарзанд надода.
- Адаби мард беҳтар аз тиллои ўст.
- Бо бадон некӣ кун, то онҳоро аз бадӣ кардан боздорӣ.
- Некӣ ба падару модарон хайрест, ки пеш фиристода мешавад.
- Баракати умр дар кори нек аст.
- Беҳтарин рафиқ он аст, ки ба кори хайр роҳбарӣ кунад.
- Беҳтарин занон он аст, ки бачаовар ва меҳрубон бошад.
- Зевари ботин аз зинати зоҳир беҳтар аст.
- Кофири саховатманд аз мўъмини бахил ба биҳишт наздиктар аст.
- Маҷлиси бузургворон ҷои омўхтани суханони не каст.
- Инсон бо ростӣ бар қуллаи бузургон мерасад.
- Ахлоқи хуш гуноҳро об мекунад, чунон ки об яхро.
- Ҳар ки бомдод падару модар аз ў розӣ бошанд, ду дар аз биҳишт ба рўяш боз аст, ки ҳамчунин ҳангоми аср. Ва агар яке аз онҳо аз вай розӣ
- бошанд, як дар ба рўяш боз аст. Ва ҳар фарзанде, ки бомдод ё пешин падару модар аз ў хашмгин бошанд, ду дар аз ҷаҳаннам ба рўяш боз аст ва агар нафаре норозӣ бошад, як дар.
- Кассе, ки ба яке ошиқ шаваду ниҳон дорад ва бо он ишқ бимирад ба
- биҳишт равад.
- Он чиз рафоқату дўстиро холису беороиш кунад: айби рафиқро ба вай
- гуфтан, пушти сар обрўяшро ҳифз кардан, кўмак ба ҳангоми сахтӣ.
- Чаҳор чиз саодати шахс аст: зани шоиста, фарзандони хайрманд, рафиқони хуб, ризқу рўзӣ дар фатан.
- Чаҳор чиз рўза ва ҳар коре хайреро фосид кунад: ғайрат, дурўғ, суханчинӣ ва ниҳон ба номаҳрам.
Супориш ва саволҳо
- Пандҳои ҳазрати Муҳаммадба аҳли оилаатон хонед.
- Пандҳоро аз 1д кунед.