Шоҳ аз баҳри дафъи ситамгорон асту шаҳна барои хунхорон ва қозӣ маслиҳатҷуӣ тарророн. Ҳаргиз ду хасми ба ҳақ розӣ пеши қозӣ нараванд. Чу ҳақ муояна донӣ, ки мебояд дод, Ба лутф беҳ, ки ба ҷанг оварию дилтангӣ. Хироҷ агар нагузорад касе ба тийби нафас, Ба қаҳр аз ў биситонанду музди …
Муфассал »Нодонро ба сўҳбат баргўзидӣ
Ҳар ки бо бадон нишинад, агар низ табиати эшон дар ў асар накунад, ба тариқати эшон муттаҳам гардад ва гар ба харобате равад ба намоз кардан, мансуб шавад ба ҳамр хўрдан. Рақам бар худ ба нодонӣ кашидӣ, Ки нодонро ба сўҳбат баргўзидӣ. Талаб кардам зи донное яке панд, Маро фармуд: …
Муфассал »Ба пурсидан шарм макун,
Ҳар он чӣ донӣ, ки ҳароина маълуми ту гардад, ба пурсидани он таъҷил макун, ки ҳайбати салтанатро зиён дорад. Чу Луқмон дид, к-андар дасти Довуд Ҳаме оҳан ба мўъҷиз мум гардад, Напурсидаш, чӣ месозӣ, ки донист. Ки бе пурсиданаш маълум гардад.
Муфассал »Умеди офият он гаҳ бувад мувофиқи ақл
Хилофи роҳи савоб асту акси раъи улулалбоб дору ба гумон хўрдан ва роҳи нодида бе корвон рафтан. Имоми муршид Муҳаммад Ғазолиро пурсиданд: «Чӣ гунна расидӣ бад-ин манзалат дар улум?» Гуфт: «Бал-он ки ҳар чӣ надонистам, аз пурсидани он нанг надоштам». Умеди офият он гаҳ бувад мувофиқи ақл Ки нафсро ба …
Муфассал »Сайёд бе рўзӣ дар Даҷла моҳӣ нагирад
Сайёд бе рўзӣ дар Даҷла моҳӣ нагирад ва моҳӣ бе аҷал дар хушк намирад. Мискин ҳарис дар ҳама олам ҳамеравад, Ў дар қазои ризқу аҷал дар қафои ў.
Муфассал »Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде
Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде, ки рўза дораду биниҳад. Ҳар кӣ тарки шахҳоват аз баҳри қабули халқ додаст, аз шаҳватеҳалол дар шаҳвате ҳаром афтода аст. Обид, ки на аз баҳри худо гуша нишинад, Бечора дар оинаи торик чи бинад?
Муфассал »Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде
Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде, ки рўза дораду биниҳад. Ҳар кӣ тарки шахҳоват аз баҳри қабули халқ додаст, аз шаҳватеҳалол дар шаҳвате ҳаром афтода аст. Обид, ки на аз баҳри худо гуша нишинад, Бечора дар оинаи торик чи бинад?
Муфассал »Ақл дар дасти нафс чунон гирифтор аст, ки марди оҷиз зан ногузир.
Рои беқувват макру фусун аст ва қуввати берой ҷаҳлу чунун! Тамиз бояду тадбиру ақл в-он гаҳ мулк, Ки мулку давлати нодон салоҳи ҷанги худост.
Муфассал »Ҳар ки бо бадон нишинад, некӣ набинад.
Гар нишинад фариштае бо дев, Ваҳшат омузаду хиёнату рев. Аз бадон некўӣ наёмузӣ, Накунад гург пустиндўзӣ.
Муфассал »Душманони якзабона
Чу бинӣ, ки дар сипоҳи душман тафриқа афтодааст, ту ҷамъ бош. Вагар ҷамъ шаванд, аз парешони андеша кун. Бирав, бо дўстон осуда биншин, Чу бинӣ дар миёни душманон ҷанг. Вагар бинӣ, ки бо ҳам якзабонанд, Камонро зеҳ куну бар бора бар санг!
Муфассал »