Боимҷон, бодинҷон, (боқилаҷон)-ро асосан дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон парваиш мекунанд. Боимҷон хосияти табобатӣ дорад. Вай миқдори холестерини хунро кам карда организмро аз касалиҳои ҷигар, ниқрози рагҳо эмин медорад. Боимҷон дар таркибаш қанд, модаҳои сафеда, намаки минералӣ 5 мг% витамини С дорад.
Барои таомпазӣ бештар боимҷони пухтарасида, гӯшташ мулоим ва пӯсташ сахтнашударо истифода мебаранд. Аз он хӯрокҳои гуногуни хуштамъ, газакҳои сабзавотӣ, икра ва ғайра тайёр мешавад.