Моддаи 135-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кадастри давлатии об
Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи маълумоти расмии ба низом даровардашуда оид ба ҳолат, истифода ва ҳифзи объектҳои об мебошад. Татбиқи кадастри давлатии об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об ба амал бароварда мешавад.