Моддаи 119-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазифаи ҳифзи об
Тамоми об ( объектҳои об) аз ифлосу олудашавӣ ва камшавӣ, ки метавонанд ба саломатии аҳолӣ зарар расонда, дар натиҷаи тағйир ёфтани хусусиятҳои физикӣ, кимёвӣ ва биологӣ паст шудани қобилияти худтозашавии табиӣ боиси вайрон гардидани низоми гидрологӣ ва гидрогеологӣ, кам шудани захираҳои моҳӣ, бад шудани обтаъминкунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб гарданд, бояд ҳифз карда шаванд.