Моддаи 102-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор
Гирифтани об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор аз ҳама гуна объекти об иҷозат дода мешавад. Истифодабарандагони об вазифадоранд оби дар ихтиёрашон бударо барои сӯхторхомӯшкунӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда бепул ва бемамониат диҳанд.