Моддаи 72-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Объёрӣ тавассути обҳои партов
Объёрии заминҳо ба воситаи обҳои партов аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарӣ, ветеринарӣ ва экологӣ иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)