Моддаи 67-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мақсадҳои истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ дар шароити заминҳои обӣ
Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати фароҳам овардани низоми мусоиди намӣ дар заминҳои обӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин барои таъмини дигар эҳтиёҷоти истеҳсолоти кишоварзӣ амалӣ гардонида мешавад.