Моддаи 212-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Баёнот гирифтан аз шахси ноболиғи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда, шоҳид ва ҷабрдидаи ноболиғ
Гирифтани баёнот аз шахси ноболиғи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда, шоҳид ва ҷабрдидаи ноболиғ наметавонад дар як рӯз бетанаффус зиёда аз як соат ва дар маҷмӯъ бештар аз ду соат давом ёбад.