Моддаи 142-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Эълон кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва супоридани нусхаи он
- Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баъди ба охир расидани баррасии парванда фавран эълон карда мешавад.
- Нусхаи қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо қабул шудааст, ба прокурор агар дар баррасии парванда иштирок дошта бошад, инчунин ба ҷабрдида бо хоҳиши ӯ бо гирифтани имзо супорида ё ба ин шахсон дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди қабули қарор равон карда мешавад.
- Оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсе, ки ба ӯ силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ (тирҳо) тибқи адои вазифаи хизматӣ вобаста карда ё барои истифодаи муваққатӣ супорида шудааст, нусхаи қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ ба ташкилоти дахлдор фиристода мешавад.