Моддаи 142-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Эълон кардани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ва супоридани нусхаи он
- Карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури баъди ба охир расидани баррасии парванда фавран эълон карда мешавад.
- Нусхаи карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо кабул шудааст, ба прокурор агар дар баррасии парванда иштирок дошта бошад, инчунин ба чабрдида бо хохиши у бо гирифтани имзо супорида ё ба ин шахсон дар мухлати се шабонарузи баъди кабули карор равон карда мешавад.
- Оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбати шахсе, ки ба у силохи оташфишон ва лавозимоти чанги (тирхо) тибки адои вазифаи хизмати вобаста карда ё барои истифодаи муваккати супорида шудааст, нусхаи карор дар бораи таъин кардани чазои маъмури ба ташкилоти дахлдор фиристода мешавад.