Моддаи 103-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти ҳифзи захираҳои об
- Мақомоти танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 173-176, 178 ва 179 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
- Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти ҳифзи захираҳои об роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд.