Моддаи 43-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Рад кардани котиби маҷлиси суд
- Муқаррароти қисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур ба котиби маҷлиси суд низ дахл доранд. Иштироки қаблии ӯ дар парванда ба сифати котиби маҷлиси суд барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад.
- Масъалаи рад кардани котиби маҷлиси суд аз ҷониби суд ё судяе, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал карда мешавад.