Моддаи 135-и Кодекси оила. Тағйир додани сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда
- Барои таъмини сирри фарзандхондӣ бо хоҳиши фарзандхондкунандагон сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда метавонанд тағйир дода шаванд.
Тағйир додани санаи таваллуди кӯдак танҳо дар сурати фарзандхондкардани кӯдаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се моҳиҷозатдода мешавад.
- Оид ба тағйирдодани сана ва маҳали таваллуди кӯдаки фарзандхондшуда дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондии кӯдак зикр карда мешавад.
(ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)