Моддаи 310-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати амали шартномаи коллективӣ
- Муҳлати амали шартномаи коллективиро тарафҳо муайян мекунанд.
- Шартномаи коллективӣ аз рўзи аз ҷониби тарафҳо имзо шудан ё аз рўзи дар шартномаи коллективӣ муқарраргардида эътибор пайдо мекунад.
- Дар мавриди тағйир ёфтани ҳайати мақомоти идоракунии ташкилот, иваз шудани соҳибмулк шартномаи коллективӣ то вақти қабули шартномаи нав амал мекунад.
- Дар ҳолати барҳам додани ташкилот бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи коллективӣ дар тамоми муҳлати раванди барҳамдиҳӣ амал менамояд.