Моддаи 263-и Кодекси Меҳнат. Пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ба корманди маъюб
Ба корманди маъюб ҳар сол рухсатии меҳнатии пардохтшаванда тибқи ҷадвали рухсатиҳо, ки корфармо бо розигии онҳо тасдиқ намудааст, бо риояи меъёрҳои моддаи 94 Кодекси мазкур дода мешавад.