Моддаи 148-и Кодекси Меҳнат. Музди меҳнат дар шароити махсус
Барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок аз рўи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин аз рўи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ музди меҳнати баланд муқаррар карда мешавад.