Гули қоқу (Қоқуф) – ки онро ба руссӣ «Одуванчик» мегӯянд яке аз маъмултарин растании баҳорӣ буда гули зард дорад. Хусусияти хуби шифоӣ дорад ва инчунин онро дар хӯрокҳои миллии тоҷикӣ низ истифода мебаранд.
Қоқу баландии то 30-40 сантиметр мешавад ва сиҳиби зиёда аз 4-5 барги дарозиаш то 30 сантиметр мешавад. Баҳорон қоқу баъди об шуани барф моҳҳои феврал март сабзида гули хушбуй мекунад. Аз гули қоқу замбурҳо асал ҷамъ мекунанд ва духтарон бошанд дар сарашон онро ҳамчун ороиш ифтифода мебаланд.
Қоқу аз ҳисоби духмаш паҳн шуда дар як сол ҳамагӣ як бор мешукуфад ва фақат ранги гулаш зарди руша наст. Ҳангоми ба охир расидани давраи шукуфони гули қоқу вай ранги сафед гирифта тавассути шамол ба гирду атров парида меравад. Умри растанӣ вобаста ба намнокӣ метавонад то 3 моҳ умр бинад. Яъне агар дар лаби ҷуйбор қоқу барояд пас ин ҷойи сернам буда то моҳи май месабзад.
Вале қоқу растании тобовар буда дар ҷойҳои камнам ва аз ҷумла теппаву кӯҳҳо мерӯяд ва решааш то чуқурии 1 метр меравад.