ДЕМЕНСИЯ, камақлии ғайримодарзодӣ,заъфи устувори қобилияти зеҳнӣ ва интеллект, ки бо кам шудани захираи дониш, ихтилоли хотира (ҳофиза) ва муҳокимаронӣ, коста шудани тахаюлот, аз даст додани малака ва ғ. падид меояд. Д. дар натиҷаи бемориҳои гуногун, мас., фалаҷи хурӯҷёбанда, амрози қишри мағзи сар (бемории Алтсгеймер ва Пик), саръ, шизофрения, осеби майна, психозҳои пирсолӣ ва ғ. пайдо мешавад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …