ГАДУД, без, узвхои хайвонот ва одам, ки моддахои махсус (гормонхо, луоб, оби дахон, мушк ва г.) хосил ва хорич мекунанд. Махсули Г. дар функсияхои гуногуни физиологи ва биохимиявии организм иштирок менамоянд. Г.-хое, ки махсулашонро тавассути мачро ба руи пуст ё пардахои луоби хорич мекунанд, гадудхои усораи беруни ё экзокрини номида мешаванд; махсули чунин Г. усора ном дорад.
Г.-хое, ки мачро надоранду махсулашонро (инкретхо ё гормонхо) бевосита ба хун ё лимфа хорич мекунанд, гадудхои усораи дохили ё эндокрини ном доранд. Баъзе Г.-хо махсули охирини мубодиларо аз хун чаббида, безарар ва хорич мекунанд (бо хамин рох организм аз захролуди хифз карда мешавад). Мас., Г.-хои болои гурда, Г.-и арак, Г.-и ашк ва г. Усораи аксари Г.-хо (мас., Г.-и баногуш, зери меъда) аз руи таркиби химияви ба сафедахо мансубанд; онхо дар об хал шуда, моеъи серози (зардобмонанд) хосил мекунанд. Онхо Г.-хои сафедави ё серози ном доранд. Г.-хои луоби (мас., Г.-и сурхруда ё бачадон) мутсин ё моддахои луобмонанд хорич мекунанд. Аз чихати сохт Г.-хо якхучайра ва серхучайра, инчунин найчашакл, хубобчамонанд, найчашаклу хубобчамонанд, одди ва мураккаб мешаванд.
Ш. С. Анварова.