Главная / Илм / ҒАДУД

ҒАДУД

gadudҒАДУД, без, узвҳои ҳайвонот ва одам, ки моддаҳои махсус (гормонҳо, луоб, оби даҳон, мушк ва ғ.) ҳосил ва хориҷ мекунанд. Маҳсули Ғ. дар функсияҳои гуногуни физиологӣ ва биохимиявии организм иштирок менамоянд. Ғ.-ҳое, ки маҳсулашонро тавассути маҷро ба рӯи пӯст ё пардаҳои луобӣ хориҷ мекунанд, ғадудҳои усораи берунӣ ё экзокринӣ номида мешаванд; маҳсули чунин Ғ. усора ном дорад.
Ғ.-ҳое, ки маҷро надоранду маҳсулашонро (инкретҳо ё гормонҳо) бевосита ба хун ё лимфа хориҷ мекунанд, ғадудҳои усораи дохилӣ ё эндокринӣ ном доранд. Баъзе Ғ.-ҳо маҳсули охирини мубодиларо аз хун ҷаббида, безарар ва хориҷ мекунанд (бо ҳамин роҳ организм аз заҳролудӣ ҳифз карда мешавад). Мас., Ғ.-ҳои болои гурда, Ғ.-и арақ, Ғ.-и ашк ва ғ. Усораи аксари Ғ.-ҳо (мас., Ғ.-и баногӯш, зери меъда) аз рӯи таркиби химиявӣ ба сафедаҳо мансубанд; онҳо дар об ҳал шуда, моеъи серозӣ (зардобмонанд) ҳосил мекунанд. Онҳо Ғ.-ҳои сафедавӣ ё серозӣ ном доранд. Ғ.-ҳои луобӣ (мас., Ғ.-и сурхрӯда ё бачадон) мутсин ё моддаҳои луобмонанд хориҷ мекунанд. Аз ҷиҳати сохт Ғ.-ҳо якҳуҷайра ва серҳуҷайра, инчунин найчашакл, ҳубобчамонанд, найчашаклу ҳубобчамонанд, оддӣ ва мураккаб мешаванд.

Ш. С. Анварова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …