Главная / Ҷамъият / Тарозӯи аъмол

Тарозӯи аъмол

Тарозӯи аъмол

 Тарозӯи адл биёвезанд ва он тарозӯ мисли тарозӯи халоик  нест. Аъмол, яъне корҳои бандагонро бисанҷанд ва миқдори тоъату гуноҳи бандаро маълум кунанд ва ҳамаро бар пули сирот гузаштан фармоянд. Ҳар кас дар ин олам бар сиротимустақим, яънс роҳи рост истода бошад ва амалҳои исломиро  ба ҷо оварда бошад, ба осонӣ аз пули сирот гузарад.

Ҳар ки дар дунё ба роҳи рост нарафта бошад ва амалҳои исломиро ба ҷо наёварда бошад, бар пули сирот poҳ,  наёбаду ба дӯзах афтад, наьузу биллоҳ.

Ҳамаро дар пеши пули сирот маън кунанду бипурсанд аз ҳар чи карда бошанд – аз бадӣ ё некӣ. Пули сирот барои кофирон аз шамшер бурротар ва аз шаб ториктару аз мӯй бориктару аз оташ сӯзонтар бувад. Аммо бар мӯъминон на чунин бувад, балки Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтаанд, ки пули сирот барои мӯъминон баробари водӣ acт. Биҳиштро наздик гардонад аз барои муттақиён, яъне худотарсон ва дӯзахро зоҳиру ҳозир гардонанд аз барои гумроҳону нофармонон.

Дар он рӯз мӯъмин ва кофир аз якдигар ҷудо шаванд, дар ҳоле ки ин хитоб бишунадванд: – Ҷудо шавед, эй гунаҳгорон  аз тоаткунандагон.

Гурӯҳеро бо лутфу марҳамат ба биҳишт мебаранд ва гурӯҳеро бо занҷиру қуфлҳо ба дӯзах андозанд.

Фармони Ҳазрати парвардигор даррасад, ки эй малоикаҳо, дӯзахро ба саҳрои қиёмат ҳозир гардонед.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …