ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №4, мод. 198, ҚҶТ аз 19.03.2013с. №945). Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми марти соли 2006, № 287 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 3, моддаи 177) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми апрели соли 2006, № 205 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 4, моддаи 213) ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин муқаррарсозӣ, танзим, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, истифодабарӣ, ҳифз ва нигоҳдории номҳои объектҳои ҷуғрофиро ҳамчун қисми таркибии мероси таърихӣ ва фарҳангии халқи Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
-объектҳои ҷуғрофии устувори мавҷудаи замин – кӯҳҳо, қаторкӯҳҳо, қуллаҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, пиряхҳо, биёбонҳо ва дигар объектҳо; фурудгоҳҳо ва объектҳои амсоли онҳо;
-номгузории объектҳои ҷуғрофӣ – номҳои ба объектҳои ҷуғрофӣ додашаванда, ки барои аз якдигар фарқ кардану шинохтани онҳо хизмат мекунанд;
-муқаррар намудани номҳои объектҳои ҷуғрофӣ – муайян намудани номҳои объектҳои ҷуғрофии мавҷуда, номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ;
-танзими номҳои объектҳои ҷуғрофӣ – интихоби номҳои бештар истифодашавандаи объектҳои ҷуғрофӣ ва муайян намудани тарзи навишти номҳои объектҳои мазкур ба забони давлатӣ ва ба он забоне, ки истифода мегарданд;
-Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ – рӯйхат ё номгӯй, ба қайд ва ба ҳисоб гирифтану нигоҳ доштани номҳои мавҷуда ва номҳои ба обьектҳои ҷуғрофӣ гузошташаванда.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ инҳо дохил мешаванд:
-муайян намудани сиёсати давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ;
-номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муайян намудани талабот, меъёр ва қоидаҳои ягона оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин тартиб додан ва ҷорӣ намудани Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ;
-таҳия ва қабули барномаи давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ;
-муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ва салоҳияти он;
-муайян намудани тартиби маблағгузории фаъолият оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ;
-ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ.
Моддаи 4. Салоҳияти мақомоти ваколатдор оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ
Салоҳияти мақомоти ваколатдор оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ аз инҳо иборат аст:
-тартиби ошкор намудани номҳои объектҳои ҷуғрофии мавҷударо муқаррар месозад;
-талабот, меъёр ва қоидаҳои ягонаро оид ба номҳои объектҳои ҷуғофӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
-пешниҳодҳоро оид ба номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мебарояд;
-номҳои объектҳои ҷуғрофиро ба қайд ва ба ҳисоб мегирад;
-корҳоро оид ба тартиб додани Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ва амалӣ намудани он ба анҷом мерасонад;
-фаъолиятро оид ба номгузори ва номивазкуни объектҳои ҷуғрофӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои онҳо амалӣ мегардонад.(ҚҶТ аз 19.03.2013с.№945)
Дигар салоҳияти мақомоти ваколатдорро оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 5. Муқаррар намудани номҳои мавҷудаи объектҳои ҷуғрофӣ
Номҳои мавҷудаи объектҳои ҷуғрофӣ мувофиқи маълумоти нашрияҳои расмии харитасозӣ ва иттилоотӣ, дигар сарчашмаҳо, инчунин тавассути пурсиши олимон, мутахассисон, кишваршиносон ва аҳолии минтақаҳои дахлдор муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 6. Танзим ва истифодаи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ
Танзими номҳои объектҳои ҷуғрофӣ мувофиқи қоида ва анъанаҳои истифодаи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Номҳои танзимгардидаи объектҳои ҷуғрофӣ дар маълумотномаю луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешаванд.
Номҳои объектҳои ҷуғрофии дар ҳуҷҷатҳо, нашрияҳои харитасозӣ ва дигар нашрияҳои ба забони хориҷӣ тартибёфта, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он истифода мегарданд, бо алифбои лотинӣ навишта мешаванд.
Тартиби дигари танзими номҳои объектҳои ҷуғрофиро Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ муайян менамоянд.
Номҳои танзимгардидаи объектҳои ҷуғрофӣ дар ҳуҷҷатҳо, нашрияҳои харитасозӣ ва дигар нашрияҳо ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегарданд.
Навиштани номҳои объектҳои ҷуғрофӣ бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ бо тартиби муқарраршуда дар асоси номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, ки ба танзим дароварда шудаанд, ба забони давлатӣ амалӣ мегардад. Номҳои объектҳои ҷуғофӣ дар аломатҳои роҳ ва дигар аломатҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта мешаванд. Ҳангоми зарурат номҳои объектҳои ҷуғрофӣ бо дарназардошти манфиатҳои аҳолии минтақаҳои дахлдор ба дигар забонҳо навишта шуда, метавонанд бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ низ такрор ёбанд.
Моддаи 7. Тартиби номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ
Пешниҳодҳо оид ба номгузорӣ ё номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ метавонанд аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, инчунин дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ амалӣ гарданд.
Пешниҳодҳо оид ба номгузорӣ ё номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ирсол мегарданд.
Пешниҳодҳо оид ба номгузорӣ ё номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ аз ҳуҷҷатҳои асосноки замимагардида, ҳисоби хароҷот оид ба номгузорӣ ё номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ иборат буда, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ тартиб дода мешаванд.
Номе, ки ба объекти ҷуғрофӣ дода мешавад, бояд аломатҳои хоси объекти ҷуғрофӣ, маҳалли воқеи он, хусусиятҳои этнографию миллӣ ва фаъолияти аҳолии минтақаи дахлдорро инъикос намуда, чун қоида аз се калима зиёд набошад ва ба тарзи муқаррарӣ ба низоми амалкунандаи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ дохил шавад.
Ба объектҳои ҷуғрофӣ номи шахсоне дода мешаванд, ки бевосита дар кашф, омӯзиш, азхудкунӣ ё бунёди объектҳои ҷуғрофӣ иштирок намудаанд. Номи ходимони барҷастаи ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва давлатӣ, арбобони илму фарҳанг, ки дар қайди ҳаёт нестанд, ба объектҳои ҷуғрофие, ки ном надоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
Додани номи якхела ба ду ва ё зиёда объектҳои ҷуғрофии ба ҳам монанд дар доираи як воҳиди марзиву маъмурӣ манъ аст.
Номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ фақат дар ҳолатҳои зерин мумкин аст, агар:
-номи объекти ҷуғрофӣ бо аббревиатура (навишти мухтасари номи объекти чуғрофӣ), рақам ё ибора ишора шуда, вазифаи номҳои ҷуғрофиро иҷро намояд, аммо номи аслии объекти ҷуғрофӣ набошад;
-ду ва ё зиёда объектҳои ҷуғрофии ба ҳам монанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон номи якхела дошта бошанд. (ҚҶТ аз 19.03.2013с.№945)
Номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ ҳамчунин бо мақсади баргардонидани номи баъзе объектҳои ҷуғрофӣ, ки ба таври васеъ дар гузашта ва имрӯза маълуму машҳуранд, иҷозат дода мешавад.
Моддаи 8. Бақайдгирӣ ва бахисобгирии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ
Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ
Номҳои мавҷуда ва номҳои ба объектҳои ҷуғрофӣ гузошташаванда бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд.
Бо мақсади таъмини истифодаи ягона ва доимии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нигоҳ доштани номҳои зикршуда Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ тартиб дода мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ таҳия ва нашри маълумотномаю луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин харита ва атласҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад.
Матни маълумотномаю луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ пеш аз нашри онҳо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ мувофиқа карда мешавад.
Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, нашри маълумотномаю луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин иҷрои корҳо оид ба тартиб додан ва амалӣ намудани Феҳристи давлатии номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, тартиби истифодаи онро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ муқаррар менамояд.
Номгузори ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалаҳои аҳолинишин бо тартиби муқарарнамудаи Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷкистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.2013с.№945)
Моддаи 9. Маблағгузории корҳо оид ба номҳои объектҳои ҷуғрофӣ
Маблағгузории корҳо оид ба муқаррарсозӣ ва танзими номҳои объектҳои ҷуғрофӣ, таҳия ва нашри маълумотнома ва луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ба забонҳои дигар аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, ки барои фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ бо ҳамин мақсад ҷудо карда мешавад, амалӣ мегардад.
Маблағгузории корҳо оид ба номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ, ворид намудани тағйирот ва нашри маълумотномаю луғатҳои номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба забонҳои дигар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти давлатии дахлдор амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 10. Ҳифз намудани номҳои объектҳои ҷуғрофӣ
Номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ҳамчун қисми таркибии мероси таърихӣ ва фарҳангии халқи Тоҷикистон аз тарафи давлат ҳифз карда мешаванд. Худсарона иваз намудан ва истифодаи ғалати номҳои объектҳои ҷуғрофӣ манъ аст.
Моддаи 11. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 12. Тартиби мавриди амал карор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе 29 апрели соли 2006
№ 185
_______________________________