Главная / Ҷамъият / Таҷзия ва вайрон намудани бино ва иншоот

Таҷзия ва вайрон намудани бино ва иншоот

Моддаи 80-и  Қарори шаҳрсозӣ. Таҷзия ва вайрон намудани бино ва иншоот

 Бино ва иншоот ё як қисми онҳо таҷзия ва вайрон карда мешаванд, агар:

– дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда сохта шуда бошанд;

– дорои нуқсоне бошанд, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, беосеб нигоҳ доштани молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳдид кунанд ва ин норасоиҳо наметавонанд дар ҷараёни таъмир ё азнавсозӣ бартараф карда шаванд;

– қитъаи замине, ки дар он бино ва иншоот ҷойгир шудаанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ гирифта шавад.

  1. Қарор дар бораи таҷзия ва вайрон кардани бино ва иншоот бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур бо пешниҳоди мақомоти дахлдори давлатӣ аз ҷониби суд, инчунин соҳибмулк ё мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ қабул карда мешавад.
  2. Зарари дар натиҷаи қатъ шудани ҳуқуқи молумулкӣ ҳангоми вайрон намудани бино ё иншоот расонидашуда, бо назардошти нархи бозорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ҷуброн карда мешавад:

– гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ аз ҳисоби фармоишгар (бо ҷалби нархгузори мустақил);

– дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он.

  1. Таҷзия ва вайрон намудани бино, иншоот аз ҳисоби соҳибмулк дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи мазкур амалӣ карда мешаванд.
  2. Дар ҳолати пайдо шудани баҳсҳо нисбат ба қарори оид ба таҷзия ё вайрон кардани бино, иншоот ва (ё) қисми онҳо қабулшуда инчунин дар хусуси пардохт намудани товони зарар ва хароҷоти пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда ба суд шикоят кардан мумкин аст. То лаҳзаи аз ҷониби суд моҳиятан қабул гардидани қарор, иҷрои қарор оид ба таҷзия ва ё вайрон кардани бино, иншоот ё қисми онҳо боздошта мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-88-karori-shahrsozi

Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 88-и  Қарори шаҳрсозӣ. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии …