Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи шикоят кардан аз чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Ҳуқуқи шикоят кардан аз чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
18.04.2018
63 Показы
Моддаи 77-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳуқуқи шикоят кардан аз чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

- Шахсе, ки нисбати ӯ чораҳои таъмини пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ гаштааст, ҳуқуқ дорад дар бораи онҳо ба суд ё мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ шикоят намояд.
- Бо талаби шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ ба ӯ фавран нусхаи протоколҳо ва дигар маводи дахлдор, ки барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси нисбаташ чораҳои таъминкунандаи пешбурди ин парванда татбиқгардида зарур мебошанд, супорида мешаванд.
- Вобаста ба натиҷаи баррасии шикоят дар бораи қонеъ гардонидан ё рад кардани шикоят қарор қабул карда мешавад.
- Шикоят овардан аз хусуси чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ барои шикоят нисбат ба татбиқи ин чораҳо ба суд мамониат намекунад.
- Зараре, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахси мансабдор расонида шудааст, бояд мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида шавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-18
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …