Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон

Моддаи 64-и Кодекси оила. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон 

  1. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғ ба зиммаи падару модари онҳо гузошта мешавад. Падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, судӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бе ваколатҳои махсус ҳимоя менамоянд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  2. Падару модар наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндагӣ кунанд, агар мақоми васоят ва парасторӣ муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои падару модар ва фарзандон ихтилоф вуҷуд дорад. Дар сурати ихтилофот байни падар ё модар ва кӯдакон мақоми васоят ва парасторӣ вазифадоранд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои  кӯдакон намоянда таъин кунанд.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …