Главная / Ҷамъият / Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 56-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ҳуқуқ доранд, бо мақсади ба даст овардани далелҳо оид ба ҳамин парванда ба мақомоти ҳудуди дахлдор дархост ирсол намоянд ё ба шахси мансабдори мақомоти ҳудуди дахлдор дар бораи иҷрои амалҳои алоҳидаи пешбининамудаи Кодекси мазкур супориш диҳанд.
  2. Супориш ё дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯзи гирифтани ин супориш ё дархост иҷро карда шавад.
  3. Муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи мақомоти анҷомдиҳандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …