Моддаи 55-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Нишондоди воситаҳои техникии махсус
- Дар зери мафҳуми воситаҳои техникии махсус воситаҳои (асбобҳои) андозагирӣ ва низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт фаҳмида мешаванд, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба сифати воситаи (асбоби) андозагирӣ ва ё сабти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тасдиқ шуда, дорои сертификати дахлдор мебошанд ва аз санҷиши дахлдор гузаштаанд.
- Нишондоди воситаҳои техникии махсус дар ҳолати тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар он сабт ва қайд карда мешаванд.