Главная / Ҷамъият / Баҳисобгирии маҳсулоти ҷубронӣ, фоида ва хароҷоти ҷуброншаванда

Баҳисобгирии маҳсулоти ҷубронӣ, фоида ва хароҷоти ҷуброншаванда

Моддаи 321-и Кодекси Андоз. Баҳисобгирии маҳсулоти ҷубронӣ, фоида ва хароҷоти ҷуброншаванда

  1. Сармоягузор пешбурди ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ва фоидаро бо воҳидҳои ченаки молӣ (натуралӣ), инчунин бо пулимиллӣ ва асъори хориҷии озод табдилшаванда, ки дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда шудаанд, тибқи қоидаҳои баҳисобгирии андоз, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, бо дарназардошти муқаррароти ҳамин модда анҷом медиҳад.
  2. Сармоягузор ўҳдадор аст пешбурди ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ва хароҷоти ҷуброншавандаро тавре таъмин намояд, ки ба инъикоси дукаратаи ҳамон як хароҷот дар маҳсулоти ҷубронӣ ва ҳам дар хароҷоти ҷуброншаванда роҳ дода нашавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …