Главная / Ҷамъият / Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 203-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Ҳуқуқи аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардида, ба истиснои ҳолати дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда ба прокурор тааллуқ дорад.
  2. Аризаҳои шаҳрвандон, хабарҳои шахсони мансабдори ташкилотҳо, ҳамчунин маълумоти дар ҷараёни барасмиятдарорӣ ва баррасии дигар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкоршуда сабабҳои аз нав сар кардани пешбурд бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав мегарданд.
  3. Аз нав баррасӣ кардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардида тибқи қисми 1 моддаи 205 Кодекси мазкур бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз лаҳзаи ворид шудани пешниҳод баррасӣ мегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …